Ҳаракати навбатии пиряхи Деҳдал мушоҳида гардид

Ноябрь 5, 2025 16:24

ДУШАНБЕ, 05.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи таҳлили аксҳои моҳворавии санаи 1 то 3 ноябри соли 2025 муайян гардид, ки пиряхи  Деҳдал  (Дидал),  воқеъ дар ҳавзаи дарёи Сурхоб  то ба ҳол  дар ҳолати номувозинатӣ қарор дошта, ба ҳисоби миёна давоми се рӯзи охир ба андозаи 72 метр  ба поён ҳаракат намудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тавре манбаъ хабар медиҳад, бо назардошти ҳолати вазъи обу ҳаво дар минтақа ва заминларзаи  3 ноябри соли 2025,  ҳолати пирях айни ҳол пешгӯинашаванда арзёбӣ гардида, мониторинги мунтазами он тавассути моделҳои маҳворавӣ амалӣ шуда истодааст. Мушоҳидаҳои моҳворавӣ нишон медиҳанд, ки пирях дар ҳолати номувозинатӣ қарор дошта, ҳаракати он ҳанӯз идома дорад. Ин ҳолат эҳтимоли ба вуҷуд омадани кӯлҳои пиряхӣ ва хатари рахнашавии онҳо, тағйири таркиби оби дарёҳо ва таҳдид ба инфрасохтори поёноб, таъсир ба манбаъҳои оби нӯшокӣ ва кишоварзӣ, афзоиши хавфи офатҳои табиӣ, аз ҷумла сел ва ярчро дорад.

Ҳаракати пиряхи Деҳдал боз як ҳушдор барои ҷомеа ва сохторҳои масъул буда, он зарурати ҳамоҳангсозии амалҳои илмӣ, идоракунӣ ва сиёсати миллиро дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон бори дигар таъкид менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки бинобар сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар мавсими тобистон ва тирамоҳи соли равон пиряхи Деҳдали ҳавзаи дарёи Сурхоби ноҳияи Тоҷикобод  19 сентябр ва сипас 25 октябри соли 2025 ба ҳаракат даромад. Санаи 27 октябри соли равон  зимни гузаронидани корҳои тадқиқотӣ-экспедитсионӣ аз тарафи мутахассисони Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гардид, ки аз пиряхи Деҳдал қисми бузурги ях бо андозаи 1300 — 1500 метр  дарозӣ, 170 — 200 метр  паҳноӣ ва 25-50 метр  баландӣ ҷудо шуда, бо суръати 6 метр дар сония ба масофаи 5100 – 5133 метр  ҳаракат намудааст.

Тағйирёбии иқлим яке аз масъалаҳои муҳим ва ҷиддии замони муосир ба ҳисоб меравад, ки таъсири манфии он ҳам ба системаҳои табиӣ ва ҳам ба фаъолияти иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ зиёд эҳсос мегардад. Раванди мазкур дорои сабабҳои гуногун буда, ҳам омилҳои табиӣ ва ҳам омилҳои антропогениро, ки аз фаъолияти хоҷагидории инсон сарчашма мегиранд, дар бар мегирад.

Пайомадҳои ин раванд дар баланд шудани ҳарорати миёнаи сайёра, тағйир ёфтани реҷаи боришот, зиёд шудани шиддат ва басомади офатҳои табиӣ, инчунин таназзули экосистемаҳои табиӣ зоҳир мегарданд.

АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

Ноябрь 5, 2025 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид