Ҷашнҳои Конститутсия, Президент ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара таҷлил карда шуданд

Ноябрь 17, 2025 10:12

ДУШАНБЕ, 17.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябри соли 2025 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ба муносибати Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки ҳайати дипломатии намояндагӣ, ҳамватанони муқими Туркия ва донишҷӯёни тоҷик мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд доир гардид.

Сипас дар дохили Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия бахшида ба идҳои давлатӣ маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Содиқ Имомӣ оид ба таърихи қабули Конститутсия дар даврони соҳибистиқлолӣ, аҳаммияти он дар рушди давлатдории миллӣ ва нақши калидии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу суботи комил, ваҳдату ҳамбастагӣ ва пешрафти минбаъдаи мамлакат сухан гуфт.

Содиқ Имомӣ иброз намуд, ки таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар қатори дигар санаҳои муқаддаси миллӣ ифодаи ифтихор, худшиносии миллӣ ва эҳтироми мардуми ватандӯсти тоҷик ба арзишҳои давлатӣ мебошад.

Ҳамзамон ба ҷавонон дар хусуси меъёрҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод шуда, доир ба аҳаммияту зарурати илмомȳзӣ дар замони муосир ва дигар масъалаҳои вобаста ба сиёсати ҷавонон сухан гуфта шуд.

Дар фарҷом ҳозирин ба ҳамроҳ нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию худшиносӣ даъват шуда, тақозо гардид, ки то замони дар кишвари иқомат қарор доштан эҳтиром ба меъёрҳои Конститутсия, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузорию урфу одати кишвари будубош ба ҷо оварда шавад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия

 

Ноябрь 17, 2025 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд