Ба ифтихори Рӯзи Президент дар ноҳияи Шаҳринав бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд

Ноябрь 16, 2025 15:30

ШАҲРИНАВ, 16.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр  ба ифтихори Рӯзи Президент ва 33-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи   Шаҳринав  бинои иловагии  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори  минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, бинои иловагии ин муассисаи таълимӣ аз 18 синфхона иборат буда,  дар он барои 864  хонанда  дар ду баст ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст. Синфхонаҳои он бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.

Бинои иловагии муассиса бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷалби сокинону соҳибкорони маҳал бунёд гардид.

Ҳамзамон барои фароҳамсозии беҳтарин шароит бобати таълиму тарбияи насли ҷавон ба соҳибкорону сокинон ва маъмурияти муассиса миннатдорӣ баён шуда, фаъолон бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Ноябрь 16, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар