Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши тантанавии «Ҷавонон-созандагони НБО-и «Роғун»» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳти унвони «Пешвои миллат ва ташаккули фарҳанги парчамдорӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат хабар доданд.
Иштирокчиёни конференсия мавзуъҳоро оид ба нақши Пешвои миллат дар рушди фарҳанги парчамдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии давлатсозӣ баррасӣ намуданд. Ҳамзамон оид ба аҳамияти парчам ҳамчун рамзи муқаддаси давлат андешаҳои илмӣ баён гардиданд.
Дар доираи ҳамоиш инчунин намоиши китоб низ ташкил карда шуд. Он ба иштирокчиён имконият дод, то бо таълифоти Пешвои миллат дар бораи давлатдорӣ, ваҳдат ва арзишҳои миллӣ бештар шинос гарданд.
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ҳамчунин дар ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони «Ҷавонон — созандагони Неругоҳи барқи обии «Роғун»» иштирок намуданд.
Ҳамоиш бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» баргузор гардид.
Мақсади ин иқдом аз таҳким бахшидани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатдорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷавонон оид ба иқдоми бузурги созандагӣ дар мамлакат иборат буд.
Дар ҷараёни сафар роҳбарият, устодон ва ҷавонон бо раванди корӣ ва марҳилаҳои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» — иншооти азими аср шинос шуда, бо мутахассисон ва сарбозони дар ин иншоот фаъолияткунанда мулоқоти судманд анҷом доданд.
Иштирокдорон дар минтақаи обқабулкунанда, сарбанди асосӣ ва толори мошинҳои неругоҳ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва заҳмати шабонарӯзии мутахассисону кормандони ин неругоҳ шинос гардиданд.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об буда, дар ҳолати истифодаи иқтидори пурраи неруи об ба истиқлолияти энергетикӣ ноил мегардад. Истифодаи оқилонаи иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон на танҳо эҳтиёҷоти энергетикии имрӯзаи мамлакатамонро қонеъ мегардонад, балки ба манфиати тамоми кишварҳои минтақа хоҳад буд.
Изҳор гардид, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба рамзи ваҳдату иқтидори созандагии мардуми тоҷик табдил ёфтааст. Иштирокчиён фаъолияти шабонарӯзии мутахассисону сохтмончиёнро арзишманд ва шоистаи таҳсин арзёбӣ карданд.
Онҳо саҳми шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди ин иншооти азим ва ба роҳ мондани лоиҳаҳои калидии соҳаи энергетикаи мамлакат баланд арзёбӣ намуданд.
АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ба номи Мирзо Турсунзода









Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд






