Бахшида ба Рӯзи Президент дар Академияи миллии илмҳо конференсияи илмию назариявӣ баргузор шуд

Ноябрь 15, 2025 11:35

ДУШАНБЕ, 15.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон» конференсияи илмию назариявӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз академия.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки Рӯзи Президент аз ҷониби шаҳрвандон ҳамчун ифодаи самимии эҳтиром ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки иродаи халқро барои таҳкими пояҳои истиқлол ва рушди давлатдории миллӣ ифода мекунад, самимона пазируфта шудааст. Дар маҷмуъ, Рӯзи Президент дар Тоҷикистон ҷашнест, ки ҳувияти миллӣ, ҳифзу муаррифии мероси фарҳангӣ ва кӯшиши мардумро барои пойдории ваҳдат ифода мекунад.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи эътирофи нақши Сарвари давлат дар ташаккул ва рушди давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Ин ҷашн соли 2010 ба ифтихори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки давраи нави таърихи мамлакатро оғоз намуданд, таъсис дода шудааст.

«Ҳамагон шоҳиди онем, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон ба раванди бунёди давлатдории миллӣ сарчашма гузошт ва абармади сиёсӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун вакили ҷавон ва дорои таҷрибаи баланди корӣ ба майдони сиёсат ворид гардида, Раиси Шурои Олӣ интихоб шуданд. Ин абармарди таърих миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ наҷот дода, кохи боҳашамати сулҳи тоҷиконро бунёд намуданд, низоми давлатдории муосирро асос гузоштанд ва тоҷиконро чун миллати дорои забон, фарҳанг ва таърихи қадимӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд»,-таъкид гардид дар ҷамъомад.

Иброз гардид, ки сарчашмаи пайдоиши институти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Мақсад аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки шуруъ аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа оғоз намудааст.

Мо вазифадорем ҳар дастоварди Иҷлосияи ХVI Шурои Олиро ҳифз намоем, манфиатҳои умумимиллӣ-Истиқлоли давлатӣ, якдилӣ ва ҳамбастагии сокинони мамлакатро аз манфиатҳои шахсӣ, маҳаллӣ, гурӯҳӣ ва ҳизбӣ боло гузорем ва дар пешрафти Ватани азизамон саҳм гузорем.

Инчунин дар конференсия лоиҳаи Атласи пиряхҳои Тоҷикистон, ки аз ҷониби олимону муҳаққиқони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аввалин маротиба дар мамлакат таҳия карда шудааст, муаррифӣ гардид.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Ноябрь 15, 2025 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар