Бахшида ба Рӯзи Президент дар деҳаи Андарбаки ноҳияи Ванҷ толори муосири варзишӣ ба истифода дода шуд

Ноябрь 15, 2025 14:15

ДУШАНБЕ, 15.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Андарбаки Ҷамоати деҳоти Язгуломи  ноҳияи Ванҷ толори варзишии замонавӣ, ки   бо маблағи 480 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст, ба  истифода дода шуд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.

Дар ифтитоҳи толори варзишӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иштирок намуда, иброз дошт, ки  бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати оммавӣ гардонидани варзиш,  амалинамоии барномаву стратегияҳои давлатӣ дар ин самт дар  минтақаҳои дурдасти вилоят  бунёди иншооти варзишӣ дар назар дошта шуда, ҳоло кор дар ин самт идома дорад.

«Дар ҷавоб ба чунин ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои миллат наврасону ҷавононро зарур аст, аз ҳарвақта бештар ба варзиш машғул шуда, бо дастовардҳои намоён  номи давлату миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ  баланд бардоранд»,-таъкид намуд Раиси вилоят.

Ёдовар мешавем, ки 25 июни соли равон бо иштироки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Убари даргови деҳоти Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ толори варзишӣ  ифтитоҳ гардид. Дар он инфрасохтор барои ба машқу тамрин фаро гирифтани дӯстдорони варзиш муҳайё гардидааст.

Бояд гуфт, ки айни замон дар ноҳияи Ванҷ беш аз 40 иншоот, аз ҷумла толорҳои варзишии назди муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо наврасону ҷавонон ба риштаҳои гуногуни варзиш ҷалб шудаанд. Ҳамасола варзишгарони ноҳия дар мусобиқоти сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, бо дастовардҳои назаррас ба Ватан бармегарданд, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ноябрь 15, 2025 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд