Беш аз 20 ҳазор нафар дар ҳамоиши идона дар вилояти Суғд иштирок намуданд

Ноябрь 24, 2025 17:27

ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Ҳамоиши идона, ки дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ баргузор шуд, фазои идона ва руҳияи баланду ватандӯстонаи мардумро ба таври равшан инъикос намуд.

Дар ҳамоиш беш аз 20 ҳазор сокинони гуногункасб– варзишгарон, донишҷӯёну хонандагон, омӯзгорон, аҳли зиё, кормандони соҳаҳои тандурустию фарҳанг, инчунин занону ҷавонон фаъолона иштирок карданд.

Иштирокчиён Парчами давлатии Тоҷикистонро ҳамчун рамзи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ, шарафу номус ва арзиши муқаддаси миллат бо ифтихор барафрохта, муҳаббати худро ба Ватан иброз намуданд.

Таъкид гардид, ки эҳтироми Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо вазифаи ҳар шаҳрванди мамлакат, балки омили муҳими таҳкими худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.

Ҳамоиши идона бори дигар нишон дод, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон нисбат ба рамзҳои миллӣ эҳтироми хосса доранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Ноябрь 24, 2025 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид