Бо ибтикори Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Норак ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр бо ташаббуси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Норак таҳти унвони «Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-поягузори сулҳу ваҳдати миллӣ» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини халқи тоҷик ҳамчун рамзи наҷотбахш ва сарнавиштсоз ҷойгоҳи хосса дорад. Моҳияти он бо эъломияи Истиқлоли давлатӣ ҳамқадам арзёбӣ мешавад. Агар эъломия таъсиси давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро расман эълон карда бошад, пас Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ҳамин давлатро аз фано ҳифз намуда, миллати тоҷикро аз гирдоби нобудӣ раҳо сохт.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам дар мавзуи «Пешвои миллат — ҳомии ваҳдат ва сулҳи ҷаҳонӣ» маъруза намуд.
Таъкид шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози давраи давлатдорӣ ба манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ авлавият дода, таъмини сулҳи пойдор, хотима бахшидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, беҳбуди зиндагии мардум ва саодати сокинони мамлакатро самти асосии сиёсати худ қарор доданд.
Иштирокчиёни ҳамоиш иброз доштанд, ки роҳи сулҳофарии Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, бо интихоб ба маснади Президенти мамлакат дар соли 1994 ва қабули Конститутсияи нахустини давлати мустақил таҳким бахшида шуд. Пас аз гузаштан аз марҳилаҳои сангин ва музокироти мураккаб дар дохил ва хориҷи мамлакат ин раванд соли 1997 ба поён расид.
Тазаккур дода шуд, ки интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ оғози саҳифаи тоза ва пурифтихор дар таърихи навини Тоҷикистон буд. Зеро таҷрибаи роҳбарӣ ва сиёсати сулҳсозии Сарвари давлат дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ нишон дод, ки давлатдорӣ бе сулҳ ва ваҳдат устувор буда наметавонад. Аз сулҳ то ваҳдат роҳи худшиносии миллӣ ва намунаи идоракунии оқилонаест, ки Тоҷикистонро ба ояндаи боз ҳам ободу устувор раҳнамоӣ мекунад.
АКС: Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон










Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






