Бонувони Академияи миллии илмҳо бахшида ба Рӯзи Парчами Тоҷикистон иқдоми тарғиботӣ гузарониданд

Ноябрь 20, 2025 14:48

ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Занону духтарони   Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти шиори «Рамзҳои муқаддаси давлатӣ-шаъну шарафи миллат» моҳи ноябрро даҳаи арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ эълон намуда, дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе ба сокинону меҳмонон Парчами давлатӣ туҳфа намуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, мақсаду мароми иқдом — ифодаи меҳру муҳаббат ба рамзҳои муқаддаси миллӣ, ба ватани азиз ва шукргузорӣ аз сиёсати давлат ва Пешвои миллат мебошад.

Бо ифтихор аз рамзҳои давлатӣ занони академия иброз доштанд, ки «мо муҳимияти тарбияи ватандӯстию садоқат ба арзишҳои миллӣ, пайравӣ аз иқдоми созандаи Пешвои миллатро дуруст дарк намуда, содиқона ваъда медиҳем, ки тамоми неруи худро барои рушди неруи зеҳнӣ, илму маорифи миллӣ ва татбиқи идеяҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба насли пешқадам, хирадманд ва накухислат табдил додани духтарони тоҷик сарф менамоем».

Бояд гуфт, ки ҳар сол 24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳоло Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар радифи парчамҳои давлатии дигар кишварҳои олам дар созмонҳои бузурги байналмилалӣ парафшон мебошад. Ин ҳолат дар баробари эҳсоси ифтихор масъулияти ҳар фарди ҷомеаро баланд мебардорад.

Эҳтироми Парчами давлатӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ ҳамчун рамзҳои муқаддаси давлати соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои пурифтихор ва қарзи виҷдонию инсонии ҳар шаҳрванд дар дохил ва хориҷи мамлакат ба ҳисоб меравад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ноябрь 20, 2025 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид