Чаро истеъмоли қурутро аксар одамон, бахусус кӯдакон дӯст медоранд?

Ноябрь 7, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 07.11.2025. /АМИТ «Ховар»/. Қурут, аслан чаккаи хушкшудае беш нест, аммо маҳсулоти дӯстдоштании хурду бузург мебошад. Дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ онро омода менамоянд. Дар таркиби қурут витаминҳо ва минералҳо мавҷуд буда, он дар ҳарорати пасту баланд хусусияти худро гум намекунад. Қурутро беш аз 8 сол захира намудан мумкин аст. Истеъмоли қурут раванди пиршавии ҳуҷайраҳоро суст мекунад ва хатари пайдоиши остеопороз ва саратонро коҳиш медиҳад. Чунин андеша доранд мутахассисони соҳаи тиб.

Дар таркиби қурут витамини С мавҷуд аст, ки баданро аз бемориҳои эҳтимолӣ муҳофизат намуда, имунитетро мустаҳкам месозад. Инчунин дар тиркиби он витамини А, Е ва D низ буда, барои барқароршавии ҳуҷайраҳо ва системаи иммунитет мусоидат мекунад.

Табибон истеъмоли қурутро барои бартараф намудани дилбеҳузурӣ тавсия медиҳанд. Аммо истеъмоли он барои нафароне, ки бемории гурда доранд, тавсия дода намешавад. Зеро қурут на танҳо аз маводи ғизоӣ ва витаминҳо, балки аз намак низ бой аст.

Дар Тоҷикистон қурутро дар ҳар минтақа бо тарзҳои гуногун омода менамоянд. Масалан дар минтақаи Кӯлоб онро бо чунин тарз омода менамоянд: шири дӯшидаро нахуст ҷӯшонида, ҷурғот мехобонанд. Пасон аз ҷурғот равғанашро ҷудо карда мегиранду барои оби ҷурғотро полонидан онро дар халтаҳои махсус гирифта, ба баландӣ меовезанд. Баъди ба чакка табдил ёфтани шир, ба он каме намак илова карда, то каме сахт шудан онро дар соя мегузоранд. Баъдан, чаккаи намакхӯрдаро бо даст молиш дода, онро дар шакли тухм дар сабадҳои махсуси чӯбин мегузоранд ва ин маҳсулотро аз нури офтоб дур нигоҳ медоранд, то қурути хушсифат омода гардад. Барои омода кардани қурут аз маҳсулоти дигар, ба монанди кабудӣ ва тезӣ, (қаламфур) низ истифода менамоянд. Сафеду босифат мондани қурут ин аст, ки чакка ва баъдан дар шакли қурут омодашудаи онро дар соя нигоҳ медоранд.

Бояд гуфт, ки қурутҳои тайёрнашударо дар нури офтоб гузорӣ, зудтар омода мегардад, аммо рангашон хираю зард мешавад, зеро ки равғани дар таркиби чакка боқимонда рӯй мезанаду сифати қурут коҳиш меёбад.

Коршиносони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти мамлакат иброз намуданд, ки қурутпазӣ санъати хеле шавқовар буда, дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ дида мешавад.

Қурут маҳсулоти хушк ба ҳисоб рафта, аз он дигар навъи таомро низ омода мекунанд. Қурут маҳсулоти аввалиндараҷаи таоми қурутоб мебошад. Ба ғайр аз ин аз қурут атолаи бо қурут, умоч ва ғайраҳоро тайёр мекунанд.

Инчунин дар минатқаҳои дигари мамлакат қурутро бо усули ҷӯшонидан омода мекунанд. Чаккаро дар дег ва дар оташи муътадил як сар меҷӯшонанд. Ҳангоми ҷӯшонидан каме намак мепошанд. Баъд онро хунук карда, мисли зувола мекунанд. Дар зарфе намак гирифта, ҳангоми бо кафи даст молидани қурут каме дар он омехта мекунанд. Инчунин онро бо кафи даст тухмшакл ба болои зарфҳои калон мегузоранд. Онҳо аввал қурутҳоро дар соягӣ мегузоранд ва вақте ки он каме сахт шуд, баъд дар офтоб хушк мекунанд.

Дар замонҳои пеш дар ноҳияҳои Деваштич ва Мастчоҳи вилояти Суғд маросими «қурутмолӣ» роиҷ будааст. Он монанди маросимҳои «ордбезон» ва «маслиҳатошӣ» пеш аз тўй ё ягон маъракаи хурсандӣ баргузор мешудааст.

Танира як навъ қурути маҳалии ноҳияи Дарвоз ба ҳисоб меравад. Тарзи таҳияи он нисбат ба дигар навъи қурутҳо ба кулли фарқ мекунад. Ҳангоми омода кардани ин навъ қурут маҳсулоти зиёде истифода мегардад. Лубиё, гандум ва нахудро дар алоҳидагӣ ҷўшонда, пас аз хунук гардиданашон якҷоя бо чакка омехта карда мешаванд. Баъдан растаниҳои маҳаллии шадагулак, мулкак, райҳон, пудина, шибит, пиёзи резакардашуда ва баъзан мувофиқи табъ қаланфурро якҷоя карда, ба шакли қурути маъмулӣ лунда мекунанд. Танираро ба мисли қурути маъмулӣ дар ҷои соягӣ ва дар сабадҳои махсуси аз қамиш омодагардида хушк менамоянд. Маъмулан танира ё қурутро барои он дар сабад хушк менамоянд, ки ҳаво ё шамол аз болою поёни сабад як хел расида, онро яклухт мехушконад. Пас аз хушк шудан дар зарфҳои шишагӣ ё халтаҳои сафеди махсус гирифта мешавад, то ин ки барои захираи фасли зимистон тамъи онҳо дигар нашавад. Ин навъи захира аз ҷиҳати экологӣ низ мусоид мебошад.

Аз ин қурут як навъи хӯрокро бештар дар фасли зимистон омода менамоянд. Танираро дар об шикаста, онро бо кафи даст дар табақҳо об мекунанд. Баъдан дар даруни дег як маротиба меҷўшонанд. Ҳангоми маротибаи аввал ҷўшонидан, дар зарфи алоҳида 2 қошуқ гардро шикаста, ба он ҳамроҳ мекунанд. Ҳамзамон пиёзи сафедро майда реза намуда, дар охир ба он ҳамроҳ мекунанд.

Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 7, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд