ЧИСТ ПАРЧАМ? ИҚТИДОРИ МИЛЛАТ АСТ! Ба Рӯзи Парчами давлатӣ бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 21.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ аст. Ба ин муносибат мақолаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миршакар Ҷалолзода ва Қиёмиддин Давлатзода, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст, пешниҳод мегардад.
— Ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик рамзи давлатдорию ватандӯстӣ ба шумор рафта, фарзандони сарсупурдаи халқамон барои ҳифзи он ҷоннисориҳо кардаанд. Миллати тоҷик аз азал парчамдор буда, ҳанӯз дар давраҳои давлатдории Ҳахоманишиҳо, Ашкониён ва Сомониён «Дирафши Ковиён» рамзи давлатдорӣ ва ифтихор маҳсуб мешуд.
Дар гузаштаи қадим парчам рамзи муттаҳидӣ ва мубориза ҳисобида мешуд, дар замони муосир он шакли ягона гирифта, хусусияти хоси давлатдориро ифода менамояд ва барои наслҳои имрӯзу фардо ифтихор ба ҳисоб меравад.
Имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистон дар остонаи таҷлили рӯзи қабули яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатӣ— Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Парчам рамзи бақо, ҳувият, ваҳдати миллӣ, сарҷамъӣ, якпорчагӣ ва сулҳу суботи давлатдории миллӣ мебошад. Парчами мо баёнгари таърихи деринаи гузаштагон, ормонҳои миллат ва руҳи созандаи мардуми тоҷик аст.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи тақдирсози миллат — Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ба саҳифаи давлатдории навини мо руҳи тозаи тифоқу ягонагӣ ворид намуд. Он дар рӯзҳои душвори давлатдорӣ, замоне ки миллати мо роҳи таъмини сулҳу суботро ҷустуҷӯ мекард, ҳамчун рамзи умеду боварии миллати тоҷик боло бардошта шуд. Аз ҳамон рӯз то инҷониб парчами мо дар дилҳо парварандаи сулҳу созандагӣ гашта, ба рушди босуботи мамлакат мусоидат менамояд. Ин рамзи давлатӣ нахустин рамз буд, ки дар оғози даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ қабул шуда буд.
Дар мавриди рангҳои парчам ҳаминро бояд гуфт, ки онҳо пайвандгари таърихи қадимӣ ва имрӯзаи миллати тамаддунсоз, сулҳхоҳ, ваҳдатофар ва фарҳангсолори мо мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 2021 иброз доштанд, ки «Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Шурои Олии ҷумҳурӣ, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардида, дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои аввалин гузошта шуданд, қабул гардид».
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилоти байналмилалӣ гузошта мешавад.
Илова ба ин, дар болои бино ва толорҳое, ки ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, маҷлисҳои ҷамоати шаҳрак ва деҳот гузаронида мешаванд, маҷлисҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҷойгир карда мешавад.
Парчами давлатӣ дар утоқҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар биноҳое, ки барои гузаронидани чорабиниҳои расмӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудаанд, утоқҳои кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ, роҳбарони мақомоти дигари идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, раисони судҳои ҳарбӣ, раисони судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, раисони судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурорҳои нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо, прокурорҳои ҳарбии гарнизон, прокурорҳои назорат аз рӯи иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ, сарони намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилоти байналмилалӣ ва дар қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаргоҳҳо, дидбонгоҳҳо ва нуқтаҳои гумрукии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.
Барои боз ҳам баланд бардоштани ҳувияти миллии сокинони мамлакат Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчунин дар ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо ба сифати рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохтан мумкин аст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо арзи эҳтиром Парчами давлатиро истифода намоянд. Сокинон бо ифтихору сарфарозӣ аз соҳибдавлативу соҳибихтиёрии ватани маҳбуб парчамро ҳатто дар пештоқи биноҳои истиқоматиашон истифода мебаранд, ки боиси ифтихори хурду бузург мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон иброз медоранд, ки «ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик рамзи давлатдориву ватандорӣ, таҷассумгари ҳувияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу номус ба шумор рафта, фарзандони сарсупурдаи халқамон барои ҳифзи он ҷоннисориҳо кардаанд.
Тоҷикон дар таърихи навини худ бо Парчами давлати соҳибихтиёр узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардиданд ва равобити дӯстию ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодию фарҳангиро бо аксар давлатҳои ҷаҳон ба роҳ монданд.
Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки имрӯз дар қатори дигар кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар назди бинои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ парафшон мебошад.
Парчами миллӣ, ки ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳансолори мо мебошад, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст».
Боиси ифтихор аст, ки ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз хурду бузурги мамлакат бо ифтихори ватандӯстӣ парчамҳои давлатиро дар нақлиёт, хонаҳои истиқоматӣ, корхонаю муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият парафшон менамоянд.
Татбиқи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки имрӯз Парчами давлатии мо на танҳо дар осмони Ватан, балки дар паҳлуи парчамҳои давлатҳои ҷаҳон — аз минбарҳои байналмилалӣ то майдонҳои мусобиқаҳои ҷаҳонӣ хеле ифтихормандона парафшон гардад. Ин нишони рушду пешрафт ва ҷойгоҳ дар арсаи байналмилалӣ бо мавқеи устувор мебошад.
Парчам танҳо як матоъ ё аломат нест. Парчам барои ҳар яки мо ҳиссиёт аст — ҳисси масъулият, ватандӯстӣ ва садоқат. Вақте ки парчами мо барафрохта мешавад, ҳар фарди ин диёр бояд дарк намояд, ки ӯ ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст барои ободии ҷумҳурӣ, таҳкими истиқлолият ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳм гузорад.
Парчам барои ҳар шаҳрванд на танҳо рамзи давлатӣ, балки илҳомбахши ҳисси масъулият, ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ ҳисоб мешавад. Мо, тоҷикону тоҷикистониён вазифадорем, ки бо эҳсоси эҳтироми баланд нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ барои таҳкими пояҳои истиқлолият, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва тақвияти манфиатҳои давлатдорӣ зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмати арзанда намуда, дар шукуфоӣ ва пешрафти ватани маҳбубамон саҳм гузорем.
Чист парчам? Ифтихори миллат аст,
Чист парчам? Иқтидори миллат аст.
Ҷуз парчам нест тоҷикро нишон,
Чист парчам? Эҳтироми миллат аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








ФАЗОИ ТОҶИКРО ОЯНДАИ ДУРАХШОН ИНТИЗОР АСТ. Назари коршинос дар хусуси рушди авиатсияи тоҷик
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хурмо нисбат ба себ ду маротиба бештар микроэлементҳои муфид ва нахи парҳезӣ дорад
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ТОҶИ САР АСТ». Парчами давлатӣ рамзи ваҳдат ва сарҷамъии миллат аст
Маликшо Неъматзода: «Парчами давлатӣ дар таҷассуми ватандӯстӣ, сулҳу ваҳдат ва ҳимояи марзу бум мавқеи барҷаста дорад»
ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ. Ва ё қадаме ба сӯи истиқлолияти энергетикӣ ва ҳифзи сайёра
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон 15 телевизиони давлатӣ фаъолият менамояд
Парчам- рамзи ифтихор, пояи давлатдорӣ ва оинаи ҳувияти миллӣ
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ИСТИҚЛОЛ. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Охири фасли тирамоҳ барои қаламча намудани гули садбарг мавсими мувофиқ мебошад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ СОҲИБМАКТАБ ВА СИЁСАТМАДОРИ ҶАҲОНӢ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Консерваҳои сарпӯшашон дамида ва зангзадаро набояд истеъмол кард
Президенти Тоҷикистон давоми се даҳаи истиқлол тавонистанд давлатро ба пояи устувори иқтисодӣ ва маънавӣ расонанд






