Дар Ҳафтаи байналмилалии оби Корея аз ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон оид ба обу иқлим ёдовар шуданд
ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр дар шаҳри Тегу Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром дар Ҳафтаи байналмилалии оби Корея иштирок намуда, дар панелҳои сатҳи баланд сухан гуфт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Корея хабар доданд, дар ҷараёни чорабинӣ Сафир дар панелҳои «Пешсафони мавзуи об» ва «Ҳамоиши шарикии ҷаҳонӣ: Ҳамкории рушд барои бехатарии об» иштирок намуда, оид ба саҳми фаъоли Тоҷикистон дар пешбурди масъалаҳои обу иқлим ва таҷрибаи Раванди оби Душанбе сухан намуд.
Салоҳиддин Киром таъкид кард, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ва иқлим, аз қабили Қатъномаи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва пешбурди амнияти обӣ дар ҷаҳон нақши муҳим доранд.
Сафир инчунин изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсаф дар масъалаҳои об ва иқлим ҳамеша омода аст барои таҳкими ҳамкории кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти истифодаи самараноки захираҳои обӣ саҳм гузорад.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Корея








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






