Дар Агентии авиатсияи гражданӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид

Ноябрь 22, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 22.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи гражданӣ хабар доданд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки  «арҷ гузоштан ба Парчами миллӣ ин эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг, марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд, мебошад. Яъне ин эҳтиром ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост».

«Мувофиқи сарчашмаҳои миллӣ, қадимтарин парчами давлати тоҷикон — «Дирафши ковиёнӣ» будааст. Шоҳони сосонӣ онро дар сафарҳои ҳарбӣ ва муҳорибаҳо ҳамеша аз пешгоҳи сипоҳ мебурданд, ба дасти душман афтидани он нишони шикаст ва мағлубияти давлат дониста мешуд. Бинобар ин, шоҳон онро муқаддас медонистанд. Дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ асли баромади «Дирафши ковиёнӣ»- ҳамон парчами чармини Коваи оҳангар таҷассум гардидааст, ки ӯ бо ин парчам бар Заҳҳоки морон ғалаба карда буд»,-таъкид гардид дар ҳамоиш.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд, ки  «ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноӣ аст, нақш гардида буд…».

Ёдоварӣ шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 қабул гардид ва аз се рахи уфуқии рангоранг — сурх, сафед ва сабз иборат мебошад. Дар миёнаи рахи сафед тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой гирифтааст.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Ноябрь 22, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар