Дар Бадахшон Рӯзи Президент бо тантана таҷлил гардид

Ноябрь 15, 2025 11:10

ДУШАНБЕ, 15.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иброз дошт, ки «миллати тамаддунофари ориёнажоди тоҷик давоми мавҷудияти худ масири хеле пурпечу тоб ва ноҳамворро тай намуда, монеаҳои бузургро паси сар намуд.  Дар охири асри 20 таърих миллати тоҷикро бо имтиҳони вазнин рӯ ба рӯ намуд. Хушбахтона, ба бахти миллати шарифи тоҷик бо роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-ин фарзонафарзанди ҷонсупору миллатдӯст, ватанпарвару хирадманд миллат аз парокандагӣ ва давлати тоҷикон аз нестӣ наҷот бахшида шуд».

Изҳор карда шуд, ки таърих ва мардуми сипосгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай ба фидокорӣ, хизматҳои содиқона, фаъолияти пурсамар, масъулиятшиносӣ, роҳбарию давлатдорӣ, роҳнамоию ҳидоятҳои мушфиқонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои сазовор дода, ба ин шахсияти бузурги таърихӣ эҳтироми бузург доранд.

Маҳз бо Роҳбари давлат интихоб шудани ин фарзанди вафодор ва фидокори миллат дар пайкари сӯхтаи миллат ҷон дамид ва дар дили торику ғамзадаи мардум шуълаи умед ба зиндагии наву осоишта равшан гардид.

Давоми сюу чор соли истиқлол таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғановати бузурги тамаддуниву таърихии миллати тоҷик эҳё, таҷдид ва барқарор гардида, рукнҳои давлатдории навини тоҷикон ба таври устувор гузошта шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо дастур ва ҳидояти Пешвои мардумпарвари тоҷик муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ барои рушди ҳамаҷонибаи вилоят даҳҳо лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи 7,5 миллиард сомонӣ  амалӣ гардида, ҳоло дар доираи 10 лоиҳа ба маблағи умумии 2,6 миллиард сомонӣ корҳо идома доранд.

Президенти Тоҷикистон бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ, суботу пойдорӣ, таҳкимбахши сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ ва кафили ҳифзу ҳимояи кулли тоҷикони ҷаҳон эътироф гардидаанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 

Ноябрь 15, 2025 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар