Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бахшида ба 1045-солагии Абуалӣ ибни Сино ҳамоиши байналмилалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба 1045-солагии Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино таҳти унвони «Нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият» ҳамоиши байналмилалии илмӣ-амалӣ доир шуд.
Тавре аз ин донишгоҳ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ҳамоиш олимону донишмандони ватанию хориҷӣ оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият маъруза намуданд. Ҳамчунин доир ба аҳамияти осори ӯ дар рушди илми фалсафа, тиб, мантиқ ва дигар илмҳо ибрози андеша карда шуд.
Баён гардид, ки осори Ибни Сино то имрӯз аҳамияти илмӣ ва фалсафии худро гум накардааст ва ӯ намунаи олимоне буд, ки илмро василаи хизмат ба инсон ва ҷомеа медонист.
Таъкид шуд, ки осору афкори Абуалӣ ибни Сино то имрӯз на танҳо аҳамияти илмиро гум накардаааст, балки бо мурури замон боз ҳам муҳимтар арзёбӣ мешавад. Хосса, осори бо забони тоҷикӣ навиштаи ӯ дар рушди забони фалсафӣ ва илмии тоҷик нақши намоён дорад. «Донишнома»-и ӯ гувоҳ аст, ки забони тоҷикӣ забони илм ва фалсафа аз даврони қадим ба ҳисоб меравад.
Абуалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин нобиғаҳои ҷаҳонӣ дар ҳама давру замон ва олими забардасти тоҷик мебошад. Ӯ дар охири асри X ва аввали асри XI зиндагӣ намуда, дар соҳаҳои ниҳоят гуногуни илм, хусусан дар инкишофи фалсафа ва тибби дунё саҳми босазо гузоштааст.
Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» гуфтаанд: «Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин файласуфон, олимон, табибон ва адибони тоҷику форс буда, дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста дорад. Воқеан, нақши барҷастае, ки Ибни Сино дар таърихи фарҳанги миллат ва башарият гузоштааст, номи ӯро барои аҳли ҷаҳон азиз ва ҷовидонӣ гардонидааст. Бо шарофати осори абадзиндаи хеш Ибни Сино имрӯз низ ҳамзамон ва ҳамқадами ҷомеаи башарӣ мебошад. Зеро ҳикмате, ки инсонро ба роҳи рост ва худшиносии воқеӣ ҳидоят мекунад, бо гузашти замон моҳият ва арзиши бештар пайдо менамояд».
Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди илми фалсафа, риёзиёт, мантиқ, нуҷум, тиб ва ҳандаса беназир мебошад. Шоҳасари ӯ «Қонун фи-т-тиб» то имрӯз ҳамчун китоби асосии таълимии табибон эътироф шудааст. Дар умри 57-солааш Абуалӣ ибни Сино 450 асар таълиф намудааст, ки то имрӯз 240 асари ӯ боқӣ мондааст. Мақсад ва аҳамияти осори Абуалӣ ибни Сино дар Аврупо низ эътироф шудааст ва «Қонун фи-т-тиб» то имрӯз ҳамчун китоби дарсӣ истифода мешавад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода








Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд






