Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон рушди омӯзиши забонҳои хориҷӣ баррасӣ гардид

Ноябрь 30, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 30.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони «Раванди омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар фазои иттилоотии муосир: навоварӣ, мушкилот ва дурнамо» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Тавре аз ин донишгоҳ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конференсия  олимону донишмандон масъалаи раванди омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар фазои иттилоотии муосирро, ки яке аз масъалаҳои муфид ва мубрами ҷомеаи муосири Тоҷикистон аст, баррасӣ намуданд.

Иброз шуд, ки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суҳбату вохӯриҳояшон омӯзиши забонҳои хориҷиро дар заминаи донистани забони тоҷикӣ таъкид менамоянд. Аз ин рӯ барои шуруъ кардани омӯзиши забонҳои хориҷӣ нақши муассисаҳои томактабӣ, омода кардани дастуру усулҳои нави омӯзишӣ ва ташкили марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ хеле муҳим аст.

Дар доираи конференсия иштирокчиён таҷрибаи ҷаҳонӣ ва усулҳои навини омӯзиши забонҳои хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд. Таҷриба нишон дод, ки истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва платформаҳои электронӣ имкон медиҳад, ки омӯзиш самараноктар ва ҷолибтар гардад.

Таҳияи барномаҳои интерактивӣ, замимаҳои мобилӣ ва воситаҳои омӯзишии онлайн дар рушд ва дастрасии забонҳои хориҷӣ барои ҷомеа нақши калидӣ дорад.

Олимону мутахассисон иброз намуданд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ на танҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифат ва донишҳои касбӣ, балки барои таҳкими равобити байналмилалӣ ва ҳамкории фарҳангӣ низ аҳамияти бузург дорад. Аз ин рӯ, тавсеаи ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо марказҳои байналмилалӣ ва ҷалби мутахассисони хориҷӣ барои муаррифии усулҳои нави таълимӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи омӯзиши забон мебошад.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода   

Ноябрь 30, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид