Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид

Ноябрь 4, 2025 09:20

ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳти унвони «Нақши Конститутсия дар бунёди давлатдории навин» ҳамоиши тантанвӣ баргузор шуд, хабар медиҳад  АМИТ «Ховар»  бо истинод ба ин  донишгоҳ.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон дар радифи бузургтарин идҳои миллии халқи тоҷик — Рӯзи Истиқлолияти дав­латии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ва  Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, нақши он дар расидан ба ормонҳои миллии мардуми тоҷик,  дар роҳи бунёди давлати миллии тоҷикон ва 30 соли дигаргуниҳои азими иқти­содию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат беназир мебошад.

«Дар саромади нахустин Конститутсияи мамлакат, ки 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, матни он саршор аз арзишҳои миллӣ ва арзишҳои умумиэътирофшудаи байналмилалӣ мебошад»,- таъкид гардид дар ҳамоиш.

Ҳамчунин дар ҷараёни ҷамъомад  иштирокдорон афзуданд, ки ҳудуди Тоҷикистон ҳамчун марзи давлатӣ таърихан ба халқ ва миллати тоҷик тааллуқ дошта, дар ин сарзамин ташаккул ёфтани таъ­рих, фар­ҳанг, қисмат ва сарнавишти он тақсимнашаванда ва дахлно­па­зир эълон гардид.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

 

Ноябрь 4, 2025 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид