Дар Душанбе ҷаласаи хотимавии «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 08.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи хотимавии «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» таҳти унвони «Занон, сулҳ ва амният» баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷаласа аъзои муколама аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагон аз давлатҳои Эрон ва Озарбойҷон, вазорату идораҳо, ташкилоти байналмилалӣ, ҷамъиятӣ, коршиносони миллию байналмилалӣ ва занони паноҳҷӯ аз Афғонистон иштирок менамоянд.
Дар ҷаласа иштирокчиён масъалаҳои таҳкими сулҳ ва амният дар Осиёи Марказӣ тавассути роҳбарии занон, ҳамкории муштараки занони сулҳофар ва ҷавонон оид ба ваҳдати наслҳо, сулҳу устувор ва амният, ташаббусҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи маориф, омӯзиши касбӣ ва тавсеаи имкониятҳои иқтисодии занони афғонро баррасӣ менамоянд.
Дар доираи ҷаласа раёсати «Муколаи занони Осиёи Марказӣ» дар соли 2026 ба дигар давлати аъзо гузошта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2024 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон «Муколамаи занон Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, ки дар он раёсати муколама дар соли 2025 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт.
Дар ин замина, дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли равон таҳти унвони «Занон дар иқтисоди «сабз» ва рақамӣ» Форуми минтақавии Муколамаи занони Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар форум беш аз 40 намояндаи давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд.
Форум ба платформаи муҳими минтақавӣ барои табодули дониш ва таҷрибаи пешқадам табдил ёфта, ба иштироки фаъолонаи занон дар рушди устувор, рақамисозӣ ва рушди навоварӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шуд.
Мавзуи асосии форум аз тавонмандии занон дар рушди иқтисоди «сабз» дар Осиёи Марказӣ, соҳибкорӣ, роҳбарӣ дар самти иқлим, кишоварзии устувор, идоракунии захираҳои табиӣ, рақамикунӣ ва иқтисоди рақамӣ дар минтақа ва рушди малакаҳои рақамӣ иборат буд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид






