Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Ноябрь 7, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 07.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5  ноябр дар  шаҳри Душанбе  Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарияти вазоратҳои ҳифзи муҳити зисти  Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон ва намояндагони шарикони рушд,  Агентии ҳамкории байналмилалии Олмон, Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон, Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ ва Ташкилоти байналмилалӣ оид ба рушди иҷтимоӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок  намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар»  аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷаласаи мазкур дар ҳошияи баргузори Шурои машваратии Фонди байналмилалии наҷоти Арал доир гардид.

Дар ҷаласа  масъалаҳои саҳми Тоҷикистон дар «Рӯзномаи байналмилалӣ 2030», дастгирии иҷтимоӣ ва дастрасӣ ба рушди устувор, ҳифзи муҳити зист, экосистемаҳои табиӣ, омодагиҳо ба конфронси тарифҳои Конвенсии қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим КОП 30 ва нақши Комиссия дар иҷрои Барномаҳои миёнамуҳлати экологӣ баррасӣ гардиданд.

Инчунин зимни ҷаласа маркази минтақавӣ оид ба идоракунии партовҳо дар шаҳри Душанбе муаррифӣ гардида, нақши он дар идоракунии замин бо назардошти омилҳои мураккаб ва иқлимӣ дар Осиёи Марказӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Гуфта шуд, ки бо мақсади паст намудани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат Ҳукумати Тоҷикистон «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим то давраи соли 2030»-ро татбиқ менамояд.

Мавриди тазаккур аст, ки ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ночиз буда, мамлакати мо бо сабаби кам будани ҳаҷми чунин партовҳо дар ҷаҳон дар ҷойи 130-юм қарор дошта, 98 фоизи неруи барқ дар Тоҷикистон дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мегардад ва давлати мо аз рӯи фоизи «энергияи сабз» дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.

Зимни ҷаласа иштирокдорон  аз ташаббусҳоии байналмилалии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзи манбаъҳои захираи об ёдовар гардида, барои идомаи талошҳояшон ҷиҳати рушди ҳамкории созанда дар татбиқи рӯзномаи ҷаҳонии об ва иқлим таъкид намуданд.

Дар рафти ҷаласа ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди назар   табодули андеша карданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 7, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар