Дар Душанбе масъалаи ғизои мактабӣ мавриди баррасӣ қарор дорад
ДУШАНБЕ, 21.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ғизои мактабӣ -сармоягузорӣ ба насли миллати солим» Форуми дуюми байналмилалии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ғизои мактабӣ оғоз гардид, ки то 22 ноябр идома меёбад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, аз соли 1999 инҷониб Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани ғизои мактабӣ дар ҷумҳурӣ ҳамкорӣ менамояд.
Ҳоло зиёда аз 440 000 нафар мактаббачагон дар 2000 мактаби 52 шаҳру ноҳия тавассути ин барнома ҳамарӯза бо хӯроки гарм таъмин мегарданд. Инчунин дар ҷумҳурӣ «Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» амалӣ мешавад.
Рушди ҳамаҷониба, ҳифзи саломатӣ ва тарбияи насли наврас самтҳои асосии сиёсати давлат дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил боқӣ монда, ғизои мактабӣ омили муҳими ташаккули тарзи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад. Ин омил ба беҳтар шудани нишондиҳандаҳои хониш мусоидат намуда, рушди ҷисмонию зеҳнии хонандагонро дастгирӣ мекунад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид






