Дар Душанбе масъалаи таҳсилоти босифат баррасӣ гардид

Ноябрь 13, 2025 14:27

ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр зимни ҷаласа дар шаҳри Душанбе рушди соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоти босифат барои наслҳои имрӯзу оянда ва дигар масъалаҳои соҳаи маориф баррасӣ карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иброз намуд, ки “боварӣ дорем танҳо тавассути талоши муштарак, ҳамоҳангии фаъол ва ҳамкории самарабахш метавонем заминаҳои устувор ва муҳимми рушди соҳаи маорифро дар мамлакат тақвият бахшем. Ҳамзамон дар роҳи таъмини таҳсили босифат барои наслҳои имрӯзу оянда қадамҳои устувор гузорем”.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар самти ислоҳоти соҳаи маориф корҳои зиёде анҷом медиҳад. Дар натиҷаи ин ҳамкорӣ сафи шарикони рушд ва сармоягузорӣ ба ин соҳаи ҳаётан муҳим зиёд мегардад.

Дар ҷаласа  “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, вазъи иҷрои “Нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2024-2026”, маблағгузорӣ ва идоракунии соҳаи маориф ва дигар масоил мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 13, 2025 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид