Дар Душанбе омодагӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО баррасӣ гардид

Ноябрь 4, 2025 08:37

ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа намояндагони Котиботи Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) иштирок намуд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, роҳбари Комиссия Зариф Ализода, муҳиммияти омодагии кишварро ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО, ки соли 2026 дар доираи ГАО дар назар аст, таъкид намуд.

Роҳбари Комиссия аҳаммияти марҳилаи навро барои таҳкими устуворӣ ва шаффофияти низоми миллӣ таъкид нумуда, барои дастгириҳои пайвастаи Котиботи ГАО ва баргузории чорабиниҳои гуногуни омӯзишӣ дар баланд бардоштани иқтидори гурӯҳи коршиносони миллӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО миннатдорӣ баён намуд.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ баргузории ҷаласаро қадами муҳимми навбатӣ дар раванди омодагии ҷумҳурӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО арзёбӣ намуд.

Номбурда ҳамчунин саҳми Котибот ва коршиносони давлатҳои аъзои ГАО-ро ҷиҳати дастгирии доимӣ дар ин самт махсус баён дошта, барои ҳамкории минбаъда изҳори умед намуд.

Ҳамзамон котиби иҷроияи ГАО пешрафтҳои назарраси Тоҷикистонро дар татбиқи стандартҳои байналмилалии Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ) ёдовар шуда, омодагии Котиботи ГАО-ро барои идомаи ҳамкории судманд иброз намуд.

Дар ҷаласа вазъи кунунии низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО-и кишвар, рафти омодагӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобила, инчунин тартиби баргузории он баррасӣ шуд.

Ҳамзамон дар бораи чораҳое, ки барои таҳкими ҳамкории байниидоравӣ, ҷалби намояндагони вазорату идораҳои марбута ба гурӯҳи коршиносони миллӣ ва омодагии онҳо барои даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО андешида шудаанд, маълумот дода шуд.

Дар анҷом бо қарори Комиссия ҳайати коршиносони миллӣ оид ба омодагӣ ва гузаронидани баҳодиҳии мутақобилаи даври навбатӣ тасдиқ гардид. Ба вазорату идораҳо дастур дода шуд, ки иштироки фаъолонаи намояндагонро дар гурӯҳи корӣ таъмин карда, ҳамкории судмандро бо департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон идома диҳанд.

Таъкид гардид, ки дар ҳамкорӣ бо Котиботи ГАО дар Душанбе як қатор семинарҳои таълимӣ барои намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ баргузор мегарданд, ки ҳадафашон такмили дониши мутахассисон ҷиҳати омодагии кишвар ба марҳилаи навбатии баҳодиҳии мутақобила мебошад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

 

Ноябрь 4, 2025 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.4800 то 9.4900 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1000 то 11.1853 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1210 то 0.1230 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.4627 то 9.4800 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба риояи талаботи қонунҳои миллӣ ҳамоиш доир гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1210 то 0.1221 сомонӣ муқаррар шудааст
Соли 2025 дороиҳои «Амонатбонк» 11 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳояш 9,9 миллиард сомониро ташкил дод
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.4239 то 9.4700 сомонӣ муқаррар шудааст
Соли 2025 сатҳи таваррум дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок 3,5 фоизро ташкил дод
Қурби расмии сомонӣ соли 2025 нисбат ба доллари амрикоӣ 15,4 фоиз устувор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бонкҳои Тоҷикистон соли 2025 ба мизоҷон дар ҳаҷми 30 миллиард сомонӣ қарз додаанд
«Амонатбонк» ба беш аз 890 ҳазор нафақагирон ва 2,2 миллион пасандозгузорон хизмат расонидааст