Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оид ба нақши оила дар камолоти маънавии фарзанд ҳамоиш доир шуд

Ноябрь 19, 2025 08:55

ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» таҳти унвони «Нақши оила дар камолоти маънавии фарзанд» ҳамоиш доир шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд, зимни ҳамоиш иштирокчиён доир ба нақши оила дар таълиму тарбияи кӯдак ва таъсири китобу китобхонӣ ба наврасон  изҳори андеша намуданд.

Иброз гардид, ки тақдими асари таърихии академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ дар таълиму тарбияи насли наврас нақши муҳим бозида, дар ташаккули худшиносии миллӣ, эҳтиром ба гузаштагон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо саҳми назаррас мегузорад.

«Модарони мо барои фарзанд алла гуфтаю афсона нақл мекарданд. Хондани китоби «Шоҳнома» низ дар тарбияи маънавии фарзанд нақшгузор аст, зеро ҷалби наврасону ҷавонон ба китобу китобхонӣ онҳоро метавонад аз таъсири ҳар гуна бегонапарастӣ дур созад»,-таъкид шуд дар ҳамоиш.

Ҳар кори манфие, ки ба фарзанд робита дорад, барои аҳли хонадон нокомӣ оварда, модаронро нигарон месозад. Аз ин рӯ ба таълиму тарбияи фарзанд бояд диққати махсус дод.

Гуфта шуд, ки тарбия чанд намуд аст: фардӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ. Агар тарбияи фардӣ ва иҷтимоӣ то синни муайян бошад, тарбияи маънавии инсон як умр аст.  Дар тарбияи фарзанд риояи арзишҳои ахлоқӣ нақши бузург дорад, аз қабили тасмим гирифтан бо ақл, на бо эҳсосот, сарфаи дурусти вақт, гуфтори нарм, бо забони шевои тоҷикӣ ва дуруст ҳарф задан, сабур будан нисбат ба ҳамдигар, бахусус байни зану шавҳар, ки фарзандон аз ин дарси ибрат мегиранд, некбин будану умеди нек доштан ва фарзандонро ба роҳи рост ҳидоят намудан.

Таъкид гардид, ки волидайн бояд фарзандро ба ҳамнишинӣ бо рафиқи хуб роҳнамоӣ намоянд. Дар тарбияи фарзанд меҳру муҳаббати худро дареғ надоранд ва онро бошуурона ба фарзандон тақдим созанд. Маҳбубу муҳтарам буданро дар тарбия талқин намудан аз арзишҳои дигари ахлоқӣ мебошад.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

 

Ноябрь 19, 2025 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид