Дар Миср бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд

Ноябрь 23, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 23.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср бо иштироки ҳамватанони  муқими Миср бахшида ба Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар»  бо истинод ба  Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира хабар  медиҳад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Парвиз Мирзозода оид ба аҳамияти Конститутсия, хусусиятҳои он, таъсири ин санади сарнавиштсоз дар раванди давлатдорӣ, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия, қабул ва татбиқи Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бунёди давлати миллӣ, инчунин аҳамияти Парчами давлатӣ дар рушди эҳсоси худшиносию ватандорӣ суханронӣ намуд.

Сипас байни иштироккундагони чорабинӣ гуфтугӯи озод ва табодули андеша дар бораи ин санаҳои муҳим ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳуқуқ, фарҳанг ва маърифати тоҷикон дар Миср доир гардид.

 АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира

 

                         

Ноябрь 23, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар