Дар Москва Шоми дӯстии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва шоми дӯстии Тоҷикистону Русия баргузор шуд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар чорабинӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, муовини раиси Кумитаи корҳои байналмилалии Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия аз ҳизби «Единая Россия» Андрей Климов, аъзои Шурои ҷамъиятии назди сафорат ва дигар шахсон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аз ҷониби Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва намоиши ҳунарҳои миллӣ ва мардумӣ, намунаи либосҳои анъанавӣ, китобҳо ва асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намоиш гузошта шуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода оид ба муносибатҳои дуҷонибаи ду давлати дӯсту бародар сухан гуфт.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода оид ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматҳои арзандаю талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва эҳёи фарҳангу тамаддуни тоҷикон ёдовар шуд. Иброз гардид, ки маҳз бо раҳнамоии оқилона ва заҳматҳои Президенти мамлакат Тоҷикистон ба давлати устувору рушдёбанда мубаддал гардид.
Ҳамзамон аз сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз доштанд, ки имрӯз дар қатори дигар вазорату идораҳо ва сохторҳои давлатӣ аз ҷониби роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ барои вусъат бахшидани ҳамкории дуҷониба бо кишварҳои дуру наздик, аз ҷумла бо Федератсияи Русия тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.
Аз ҷониби Федератсияи Русия аъзои Шурои сиёсии ҳизби «Единая Россия» Андрей Климов оид ба муносибатҳои ду ҳизб — Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва «Единая Россия» иброз дошт, ки аз соли 2017 байни ин ду ҳизби пешрави ҷомеаи Тоҷикистону Русия Созишномаи ҳамкорӣ ва дӯстӣ амал мекунад. Дар доираи он байни ҷонибҳо дар бахшҳои гуногуни ҷомеа ҳамкории мутақобили судманд идома дорад.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Русия


















Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Италия баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд






