Дар ноҳияи Ёвон Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ таҷлил гардид

Ноябрь 14, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ёвон ҷамъомади тантанавӣ, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.

Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода, собиқадорон, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.

Дар ибтидо роҳбарияти ноҳия ва ҳайати меҳмонон бо намоиши дастовардҳои соҳаҳои илму маориф, варзиш ва кишоварзиву қаннодии ноҳия шинос шуданд.

Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода таъкид намуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои муҳимми сиёсиву давлатӣ арзёбӣ мегардад. «Қабули ин рӯз ҳамчун ҷашни давлатӣ ифодаи эҳтироми халқ ба хизматҳои беназири Сарвари давлат дар ташаккули давлати миллӣ, таҳкими истиқлолият, барқарор намудани сулҳу субот ва бунёди давлатдории навини тоҷикон мебошад», — гуфт Икромиддин Вализода.

Таъкид гардид, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар як фарди худшиносу ватандӯст, ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз буда, ин тантанаи амният, суботу ягонагӣ, сарҷамъӣ ва ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандӣ аст.

Инчунин гуфта шуд, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи сарнавиштсоз дар таърихи давлатдории навини мо буда, маҳз дар ҳамин Иҷлосия пояҳои воқеии сулҳ, ваҳдати миллӣ, низоми давлатдорӣ ва ҳадафҳои стратегӣ гузошта шуданд. Зикр гардид, ки ин рӯйдод ба миллати тоҷик итминон бахшид, ки роҳи пешрафту шукуфоии кишвар танҳо тавассути иттиҳоду ҳамбастагӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат имконпазир аст.

Вакили Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббек Қодиров изҳор доштанд, ки ин Иҷлосия на танҳо як воқеаи сиёсӣ, балки рӯйдоди тақдирсоз ва наҷотбахши миллат буд. Дар ҳамон лаҳзаҳои сарнавиштсоз, ки хатари парокандагӣ ва нобудшавии давлати ҷавони Тоҷикистон вуҷуд дошт, фарзанди шуҷоъ, сиёсатмадори оқил ва роҳбари хирадманд Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун наҷотбахши миллат ба арсаи сиёсат қадам гузоштанд ва бо иродаи қавӣ, ҷасорату ватандӯстӣ Тоҷикистонро аз вартаи нестӣ берун оварданд.

Роҳбари давлат аз рӯзи аввали ба вазифа шуруъ кардан ба мардуми шарифи мамлакат муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд: «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Дар ҷараёни чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунарпешагони шуъбаи фарҳанг ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия пешниҳод гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Ноябрь 14, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар