ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт табақаи ниёзманд дастгирӣ меёбад
РАШТ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар робита ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии табақаҳои ниёзманд бо дастгирии Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода ба сокини деҳаи Ҳоити Ҷамоати деҳоти Ҳоити ноҳия Гулбарг Ҳанифова, ки соҳиби ду фарзанди нимятим мебошад, манзили истиқоматӣ туҳфа гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Модари ин фарзандони ятим, ки имкони бунёд намудани хонаи истиқоматиро надошт, дар ҷавоб ба ин ҳама ғамхорию хайрхоҳӣ миннатдорӣ баён намуд. Ӯ иброз дошт, ки «Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо, ниёзмандонро ҳамеша дастгирӣ менамоянд. Зери сиёсати ин шахсияти бузурги таърих ва ғамхори ятимону камбизоатон роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт барои кӯдакони ятими ман шароити зиндагии хуб муҳайё намуданд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ман фарзандонамро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия карда, ба онҳо касбҳои сазовор меомӯзонам, то дар оянда ҳамчун фарзандони баруманд ба халқу ватан хизмат намоянд».
Тибқи иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, дар деҳаҳои Воринг ва Ҳисораки Ҷамоати деҳоти Ясмани ноҳия бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарвозаи даромадгоҳи деҳа, корхонаҳои хурди истеҳсоли панҷара, хишти сементӣ, пенаблок, сафолак ва Маркази савдои “Абдураҳим” мавриди истифода қарор дода шуданд.
Зимни ифтитоҳи ин иншоот раиси ноҳияи Рашт иқдоми хайрхоҳонаи соҳибкорони муваффақро чун дастгирии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ободонии ҳар гӯшаи мамлакат арзёбӣ намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт










Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид






