Дар Парлумон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор шуд

Ноябрь 24, 2025 10:40

ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Файзалӣ Идизода изҳор намуд, ки дар ҷаҳони муосир соҳиби Парчами миллӣ будан яке аз рамзҳои асоситарини истиқлолу озодӣ ва давлатдории мустақил аст.

«Бо ташаббуси шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидани Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати мустақили Тоҷикистон ва нишони соҳибихтиёрию ягонагӣ дар Иҷлосияи таърихии тақдирсози 16-уми Шурои Олӣ яке аз иқдоми бисёр муҳим ба ҳисоб меравад. Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба ҳайси Роҳбари давлат интихоб шудан дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ фаъолияти худро аз бӯсидани Парчами давлатӣ шуруъ намуданд. Зеро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муътақид бар он буданд, ки Парчами давлатӣ баёнгари ормонҳои миллат ва шуълаи имони мардуми бонангу номуси Тоҷикистони соҳибихтиёр аст ва рамзест, ки қудрати муттаҳидкунанда дорад»,-гуфт Файзалӣ Идизода.

Иброз гардид, ки дар марҳилаи нави таърихии давлатдории мо, дар замони истиқлоли давлатӣ қабули Парчами давлатӣ ба раванди давлатдорӣ ва зиндагию тафаккури халқи мо мазмуну мундариҷаи нав бахшид. Мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ, ки дар масири таърих бо номи «Дирафши Ковиён» ёд карда мешавад, ҳамчун падидаи бисёр муҳимму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо карданд.

Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ бо ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат майдонҳои Парчами давлатӣ бунёд карда мешаванд. Ин барои баланд бардоштани ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллии сокинони мамлакат заминаи воқеӣ мегузорад.

Таъкид гардид, ки бо қабули рамзҳои сиёсӣ, махсусан Парчами давлатӣ, бо талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳ ба даст омад ва давлат ба шоҳроҳи дигаргуниҳои азими сиёсию иҷтимоӣ ва бунёдкорию созандагӣ қадамҳои устувор гузошт.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 24, 2025 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид