Дар Самарқанд нақши Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо таъкид карда шуд

Ноябрь 1, 2025 08:56

ДУШАНБЕ, 01.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр дар шаҳри Самарқанд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин дар иҷлосияи 43-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Сироҷиддин Муҳриддин  аз таърихи миллати тоҷик ва саҳми бузурги ниёгон дар рушди илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ин мероси маънавӣ ҷузъи ҷудонашавандаи арзишҳои умумибашарӣ мебошад.

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин ба масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз нақши фаъоли Тоҷикистон дар ин самт ёдовар шуд.

Таъкид гардид, ки баргузор шудани нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе дар моҳи майи соли 2025 оғози марҳилаи нави ҳамкории глобалӣ дар ин соҳа гардид.

Инчунин, изҳор шуд, ки густариши ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар самтҳои илм, маориф, фарҳанг ва муҳити зист авлавият дошта, зарурати истифодаи зеҳни сунъӣ дар рушди устувор низ муҳим арзёбӣ мегардад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 1, 2025 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд