Дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 06.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Конститутсия – заминаи пешрафти Тоҷикистон» баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорон ва фаъолони пойтахт иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон таъкид намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ арзёбӣ намудаанд.
Гуфта шуд, ки дар тули 31 соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон он ба густариши бештари маърифатиҳуқуқӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди бонангу номуси кишвар таъсири амиқи мусбат гузоштааст. Бо дарки ин нукта Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия ва талаботи қонунгузории миллӣ, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқиро нишонаи беҳтарини ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятшиноси маданӣ дониста, дар татбиқи нақшаҳои созандаву бунёдкоронаи хеш дар самти амалинамоии сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои сокинони сарбаланди пойтахтро дар мадди аввал мегузорад. Таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба таври бесобиқа ҷараён гирифтани корҳои созандагӣ ва дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти шаҳрдориву шаҳрсозӣ ва шаҳрнишинии пойтахти мамлакатамон ба таъмини зиндагиии шоиставу арзандаи ҳар як сокини он равона гардидаанд, ки аз татбиқи амалии меъёрҳои конститутсионӣ сарчашма мегиранд.
Чорабинӣ инчунин тақдими сипоснома ва ҷоизаҳои озмуни беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ барои солҳои 2023-2025 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки дар соли 2025 ҷамъбаст гардид, супорида шуд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода ва Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода ҷоизаҳоро ба ғолибон дар шароити тантанавӣ тақдим намуданд.
Дар идома барномаи рангини консертӣ бо иштироки сарояндагон ва ҳунармандони мумтози кишвар пешкаши аҳли нишаст гардонида шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе























Дар Тоҷикистон беш аз 200 корхона ва ҷамъияти нақлиётӣ фаъолият менамояд
Дар шаҳри Гулистон корхонаи таъмири трансформаторҳо ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд






