Дар шаҳри Копенгаген масъалаҳои саломатии кӯдакон ва ҳаёти солим баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 08.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Копенгагени давлати Дания иҷлосияи 75-уми Кумитаи минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои Аврупо баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои саломатии кӯдакон ва наврасон, пиршавӣ ва ҳаёти солим мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар кори иҷлосия иштирокдорон доир ба стратегияи муҳими соҳавӣ «Оғози солим барои ҳаёти солим» барои солҳои 2026–2030) оид ба ҳифзи саломатии кӯдакон ва наврасон, «Инноватсия барои тандурустии ҷамъиятӣ» барои солҳои 2025–2030 ва лоиҳаи «Пиршавӣ-зиндагии солим» барои солҳои 2026–2030 мубодилаи афкор намуданд.
Инчунин зимни ин ҳамоиш самтҳои рушди кумаки аввалияи тиббӣ, ҳифзи саломатии модар ва кӯдак, ҷалби кумаки техникӣ, густариши технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ дар низоми тандурустии миллӣ баррасӣ гаштанд.
Иҷлосияи 75-уми Кумитаи минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои Аврупо платформаи муҳими сиёсӣ ва касбӣ барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи тандурустӣ буда, иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он барои пешбурди ҳадафҳои стратегии соҳаи тандурустии мамлакат аҳамияти бузург дорад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид






