Дар Тошканд ҷаласаи ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Ноябрь 15, 2025 10:28

ДУШАНБЕ, 15.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11-14 ноябр дар шаҳри Тошканд ҷаласаи ҳамоҳангсозони миллии Вохӯриҳои машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳамоҳангсозони миллӣ вобаста ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ дар доираи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ табодули муфассали афкор анҷом доданд.

Ҷонибҳо лоиҳаи рӯзнома ва санадҳои нишасти вазирони корҳои хориҷӣ ва Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро муҳокима намуда, барои баррасӣ дар нишасти вазирони корҳои хориҷӣ омода карданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 15, 2025 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд