Дар Туркманистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид

Ноябрь 18, 2025 08:40

ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши расмӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон хабар доданд, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода нақши муҳими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон, аз ҷумла ҳимояи осори таърихӣ ва ҳувияти миллӣ таъкид намуд.

Иброз гардид, ки мардуми тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун ҷашни фархунда, рамзи меҳру муҳаббат ва садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил менамоянд.

Рӯзи Президент чун ҷашни фархунда ба густариши бештари худшиносию меҳанпарастӣ ва ифтихори ватандӯстии ҳар фарди Тоҷикистон неруи тоза мебахшад.

Дар бахши дуюми чорабинӣ кормандони Сафорат вобаста ба мавзуъ маъруза намуданд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон

Ноябрь 18, 2025 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд