Дилором Абдураҳимзода: «Суди конститутсионии Тоҷикистон ҳамчун мақоми мустақили судӣ волоияти Конститутсияро таъмин менамояд»
ДУШАНБЕ, 01.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсия аз ҷумлаи дастовардҳои бузургу сарнавиштсози даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин санади муҳими ҳуқуқӣ, ки пояҳои давлатдории навин ва ҳуқуқбунёди давлатро муайян намудааст, дар таҳким ва рушди низоми сиёсию ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаи тоҷик нақши бузург дорад. Ҳамзамон ҳамчун рамзи иттиҳоду ҳамбастагии миллӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд хизмат мекунад. Бо чунин матлаб оғоз гардидааст мақолаи муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором АБДУРАҲИМЗОДА бахшида ба 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст. Дар зер матни пурраи мақола манзур мегардад.
– Агар ба таърихи ташаккул ва рушди давлатдории тоҷикон назар кунем, дар тамоми марҳилаҳои инкишофи таърихӣ ва бахусус дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон Конститусия нақши калидӣ дорад. Маҳз ҳамин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳо махсус таъкид намуда иброз доштаанд, ки «қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад».
Арзиши олӣ эътироф шудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун меҳвари асосии Конститутсияи мамлакат ифодагари мазмуну моҳияти ҷомеаи демократӣ ва асоси фаъолияти сохторҳои давлатӣ ба шумор меравад.
Муҳимтарин ғояи Конститутсия — идеяи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани Тоҷикистон аст. Ин се истилоҳ ифодакунандаи моҳияти афкори пешқадам дар таърихи башарият маҳсуб меёбанд. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат, яъне дар сатҳи Конститутсия арзиши олӣ эътироф намудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ боиси аз тарафи коршиносони байналмилалӣ дар радифи конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф намудани Конститутсияи мо гардидааст.
Бешубҳа, таъмини волоият ва муътадилии Конститутсия ва низоми қонунгузорӣ, ки тибқи он рукнҳои асосии давлатдорӣ ташаккул меёбанд, ин кафолати таъмини устувории иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва билохира низоми идоракунии давлатӣ мебошад.
Таъмини волоияти Конститутсия, ҳамзамон кафолати таъмини устувории асосҳои сохтори конститутсионии он мебошад.
Баъд аз соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам роҳ ба сӯи эъмори давлати ҳуқуқбунёд кушода шуд. Яке аз нишонаҳои давлати ҳуқуқбунёд ин мавҷудияти падидаи назорати конститутсионӣ мебошад.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун мақоми назорати конститутсионӣ аз ҷумлаи дастовардҳои даврони истиқлолият ва самараи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб рафта, ҳамчун мақоми мустақили ҳокимияти судӣ оид ба ҳифзи Конститутсия фаъолият мекунад.
Бояд тазаккур дод, ки кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва қабули Конститусия, барои ҳифзи ин санади олии ҳуқуқии худ мақомоти махсуси назорати конститутсионӣ, яъне судҳои конститутсионӣ ва ё шурои конститутсионӣ таъсис доданд. Ин омил боиси он гардид, ки айни ҳол дар бисёр давлатҳои демократӣ мақомоти назорати конститутсионӣ унсури муҳими сохти давлатдорӣ ба шумор меравад.
Лозим ба ёдоварист, ки падидаи назорати конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 1990 бо таъсис додани Кумитаи назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи кор омада буд. Таъсиси он аз талаботи ҷомеа ва давлат ба мавҷудияти чунин як падида ва ниҳоди нав дар низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ шаҳодат медод.
Мувофиқи банди дувоздаҳуми моддаи 99, Конститутсияи соли 1978 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи апрели соли 1990 Кумитаи назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дод. Мувофиқи моддаи 104 ин Конститутсия ба ин Кумита ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дода шуд.
Ин Кумита назорат, риоя ва татбиқи меъёрҳои Конститутсияро амалӣ менамуд ва баъдан дар таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим бозид.
Ба таъсиси Суди конститутсионӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1995 заминаи устувори ҳуқуқӣ гузошт ва охири соли 1995 Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ намуд.
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 ноябри соли 1995 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд, ки дар он вазифаҳо, салоҳият, тартиби ташкил ва фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд.
Аз ин рӯ метавон гуфт, ки Суди конститутсионӣ зодаи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пайдоиши падидаи назорати конститутсионӣ яке аз дастовардҳои нодири замони Истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад.
Суди конститутсионӣ дар тӯли фаъолияташ бо санадҳои қабулнамудаи худ дар таъмини волоияти Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими қонуният ва тартиботи конститутсионии мамлакат нақши муассир гузоштааст.
Мақсади асосии назорати конститутсионӣ ин таъмин намудани мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат мебошад. Маҳз тавассути ин назорат дар ҷумҳурӣ асосҳои сохтори конститутсионӣ устувор гаштаву қонунияти конститутсионӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрванд таъмин карда мешавад.
Дар аксари давлатҳои ҷаҳон бо мақсади назорати конститутсионӣ мақомоти махсуси судӣ таъсис ёфтаанд, ки маъруф бо номи судҳои конститутсионӣ буда, фаъолияти худро тавассути мурофиаи судии конститутсионӣ амалӣ менамоянд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Суди конститутсионӣ таъсис ёфта, таҷрибаи пешқадами давлатҳои хориҷиро дар худ таҷассум кардааст.
Суди конститутсионӣ дар баробари беш аз 160 мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои ҷаҳон тариқи мурофиаи судии конститутсионӣ барои ҳифзи Конститутсия, ки он инъикосгари арзишҳои миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, фаъолият дорад.
Инак, 30 соли фаъолияти бомароми Суди конститутсионӣ зарурат ва аҳамияти ин мақомро дар давлатдории навини Тоҷикистон собит сохта, инчунин нишон дод, ки вобаста ба инкишофу пешрафти ҷомеа нақш ва мақоми Суди конститутсионӣ бояд таҳким мёбад.
Суди конститутсионӣ дар давраи фаъолияти худ беш аз 155 дархосту пешниҳодҳои субъектҳои ҳуқуқӣ муроҷиат ба Суди конститутсионӣ доштаро баррасӣ намуда, тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбат ба онҳо 39 қарор ва 116 таъинот қабул кардааст.
Чунин теъдоди нисбатан ками дархосту пешниҳодҳои субъектҳои ҳуқуқ ба Суди конститутсионӣ, то андозае аз хусусияти хоси фаъолияти ин мақоми ҳокимияти судӣ бармеояд. Он асосан аз ташаббуси субъектҳое, ки ҳуқуқи муроҷиат кардан ба Суди конститутсионӣ доранд вобастагӣ дорад.
Фаъолияти бомароми Суди конститутсионӣ оид ба таъмини волоияти Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шаҳодати он аст, ки ташаккули институти назорати конститутсионӣ ба инкишофи давлатдории миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол иртиботи ногусастанӣ дошта, ба мақсаду вазифаҳои афзалиятноки ҷомеа тавъам аст.
Бояд гуфт, ки Суди конститутсионӣ танҳо дар доираи муроҷиатҳои субъекти ҳуқуқи муроҷиат ба Суди конститутсионӣ маҳдуд нашуда, ҳамасола оид ба вазъи қонунияти конститутсионӣ, волоияти меъёрҳои Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «нома» мефиристад.
Тайи солҳои охир ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 200 пешниҳодҳо дар хусуси таҳкими қонунияти конститутсионӣ, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, қабули санадҳои қонунгузорӣ, барномаҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, тағйири таҷрибаи мавҷуда бо назардошти амалияи ҷаҳонӣ ирсол карда шуданд, ки аксари онҳо аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқэҷодкунӣ дар фаъолияти ҳуқуқ эҷодкунӣ мавриди татбиқ қарор дода шуданд.
Суди конститутсионӣ дар тӯли фаъолияти худ ба ҳайси мақомоти мустақили ҳокимияти судӣ ва падидаи нави давлати ҳуқуқбунёду демократӣӣ зарурат ва аҳамияти худро дар бунёди давлатдории навини Тоҷикистон собит сохта, дар ҳифзи Конститутсия ва таъмини волоияти он, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд нақши басо муҳимро касб намудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»/ аз муаллиф








ФАЗОИ ТОҶИКРО ОЯНДАИ ДУРАХШОН ИНТИЗОР АСТ. Назари коршинос дар хусуси рушди авиатсияи тоҷик
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хурмо нисбат ба себ ду маротиба бештар микроэлементҳои муфид ва нахи парҳезӣ дорад
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ТОҶИ САР АСТ». Парчами давлатӣ рамзи ваҳдат ва сарҷамъии миллат аст
Маликшо Неъматзода: «Парчами давлатӣ дар таҷассуми ватандӯстӣ, сулҳу ваҳдат ва ҳимояи марзу бум мавқеи барҷаста дорад»
ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ. Ва ё қадаме ба сӯи истиқлолияти энергетикӣ ва ҳифзи сайёра
ЧИСТ ПАРЧАМ? ИҚТИДОРИ МИЛЛАТ АСТ! Ба Рӯзи Парчами давлатӣ бахшида мешавад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон 15 телевизиони давлатӣ фаъолият менамояд
Парчам- рамзи ифтихор, пояи давлатдорӣ ва оинаи ҳувияти миллӣ
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ИСТИҚЛОЛ. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Охири фасли тирамоҳ барои қаламча намудани гули садбарг мавсими мувофиқ мебошад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ СОҲИБМАКТАБ ВА СИЁСАТМАДОРИ ҶАҲОНӢ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Консерваҳои сарпӯшашон дамида ва зангзадаро набояд истеъмол кард






