Доир ба нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар инкишофи давлатдории навини тоҷикон конференсия баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 13.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба 33-солагии иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар инкишофи давлатдории навини тоҷикон» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.
Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Мунир Сафарзода иброз дошт, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, барои тақдири давлат ва миллати тоҷик нуқтаи гардиш гардид.
«Дар ҳамон рӯзҳои вазнин, ки низоъҳои сиёсӣ пояҳои давлатдориро таҳдид мекарданд ва ваҳдату сулҳ чун орзуи дастнораси ҳар тоҷику тоҷикистонӣ менамуд, маҳз бо интихоб гардидани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шурои Олӣ ба қалби мардум умед баргашт. Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ воқеан ҳам на танҳо ҷаласаи сиёсӣ, балки оғози марҳилаи нав, яъне марҳилаи эҳёи давлат, таҳкими сулҳу субот ва поягузории ваҳдати миллӣ буд. Пешвои миллат дар ҳамон лаҳзаҳои мушкил бо калимаҳои таърихии худ: «Ман ба шумо сулҳ меорам!» роҳу равиши нави зиндагиро ба ҷомеа нишон доданд»,-ёдовар шуд Мунир Сафарзода.
Дар ҳамоиш дар мавзуъҳои «Президент-кафили сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ», «Аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории миллӣ» маърузаҳо пешниҳод гардиданд.
Таъкид гардид, ки таҷлили Рӯзи Президент ва ёдоварӣ аз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ на танҳо эҳтиром ба шахсияти таърихӣ, балки нишони шукргузорӣ аз сулҳ, ваҳдат ва давлати озоду соҳибистиқлоли мо мебошад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд






