Доир ба нақши маориф дар тарбияи насли ваҳдатсоз вохӯрӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 27.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар доираи нақшаи фаъолияти Ҳаракат барои соли 2025 дар Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо омӯзгорону волидайни хонандагон вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ хабар доданд.
Вохӯрӣ дар мавзуи «Нақши маориф дар тарбияи насли ваҳдатсоз» доир гардид. Зимни он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам иброз дошт, ки дар шароити имрӯза ҷаҳони муосир ба тафаккури кушод, фарҳанги ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти иҷтимоӣ ниёз дорад, омӯзгорон вазифадоранд муҳите фароҳам оранд, ки дар он хонандагон арзишҳои миллӣ, эҳтироми ҳамдигар ва иродаи созандаро парвариш диҳанд. «Ваҳдати миллӣ, ки арзиши олӣ ва дастоварди бузурги давлати мо мебошад, маҳз тавассути маорифи устувор ва тарбияи шахсиятҳои бедордилу худогоҳ ба наслҳои оянда интиқол меёбад»,-гуфт Рудобаи Мукаррам.
Таъмини ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ва фароҳам овардани имконияти баробари таълим яке аз самтҳои калидии ташаккули шахсияти ҷомеапазир мебошад. Дар заминаи он маориф вазифадор аст муҳити тарбиявиро тавре созмон диҳад, ки дар он хонандагон на танҳо меъёрҳои қонунмандӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ омӯзанд, балки ҳисси масъулият, ҳамзистии осоишта ва уҳдадории иҷтимоиро ҳамчун арзишҳои асосии насли ваҳдатсоз дар худ парвариш диҳанд.
Иброз гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» таъкид мекунад, ки ҳар кӯдак бояд дар муҳити солим, бо эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои худ ва имконияти баробар барои таҳсил парвариш ёбад. Ин қонун падару модар, муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти давлатиро муваззаф мекунад, ки дар тарбияи насли оянда саҳми муассир гузоранд ва ҳар гуна зӯроварӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ нисбат ба кӯдаконро пешгирӣ намоянд.
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки ҳуқуқвайронкунӣ ва рафтори номувофиқ дар байни ноболиғон аксар вақт натиҷаи камбудиҳои тарбиявӣ, муҳити номуътадил ва набудани дастгирии равонӣ мебошад. Бо диққати бештар зоҳир намудан ба эҳсоси равонӣ, роҳнамоӣ ва дастгирии ахлоқӣ метавон насли ҷавонро ба роҳи дуруст ҳидоят кард, то онҳо чун шахсияти масъул ва дорои ҷаҳонбинии солим ба ҷомеа ворид шаванд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон










Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






