Доир ба нақши таърихии Пешвои миллат дар эҳёи давлатдории миллӣ ва таҳкими сулҳу субот ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 16.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҷашни давлатӣ набуда, рӯзи арҷгузорӣ ба шахсияти таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои беназирашон дар самти эъмори давлати миллии тоҷикон мебошад, ки бо хиради бузург ва иродаи қавиашон халқи тоҷикро ба сӯйи ваҳдату субот роҳнамоӣ намуданд. Ин матлабро раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони «Пешвои миллат – ҳомии сулҳу ваҳдат» баён намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд, дар ҳамоиш ходимони давлатию ҷамъиятӣ аз нақши таърихии Пешвои миллат дар эҳёи давлатдории миллӣ ва таҳкими сулҳу суботи ҷумҳурӣ ёдовар шуданд.
Таъкид гардид, ки шахсияти Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи таърих бо сиёсатмадорони бузурги ҷаҳонӣ дар як радиф қарор дорад, зеро тавонистанд дар давраи мушкилтарини таърихи мамлакат оромиро барқарор намуда, руҳияи миллиро эҳё намоянд.
Пешвои миллат дар тамоми суханрониҳо ва ташаббусҳояшон ҳамеша неруи зеҳнии занону ҷавонон ва аҳамияти илму маърифатро таъкид мекунанд. Аз ин ҷост, ки имрӯз дар ҳама гӯшаи мамлакат ҷавонони боистеъдод ва занони донишманд дар пешрафти ҷумҳурӣ фаъолона саҳм мегузоранд.
«Рӯзи Президент таҷассуми арҷгузорӣ ба сулҳу ваҳдати миллӣ, истиқлол ва суботи давлат мебошад. Дар ин замина кулли сокинони мамлакат бо пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша барои рушду ободии Тоҷикистон бояд талош варзанд»,-иброз гардид дар ҷамъомад.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






