Донишҷӯёни тоҷик дар Рӯзи дарҳои кушод дар Донишгоҳи Ҳирошимаи Ҷопон иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 03.11.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи Ҳирошимаи Ҷопон чорабинии байналмилалии «Рӯзҳои дарҳои кушод» баргузор шуд. Чорабинӣ бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон баргузор гардида, дар он хизматчиёни давлатии мамлакат, ки тибқи барномаи Бурсияҳо барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS) таҳсил менамоянд, иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон хабар медиҳад.
Донишҷӯёни тоҷик дар қатори беш аз 40 давлати ҷаҳон таърих, фарҳанг, тамаддун, имкониятҳои иқтисодиву сармоягузорӣ ва сайёҳии кишварро муаррифӣ намуда, таваҷҷуҳи зиёди меҳмононро ҷалб намуданд.
Дар гӯшаи миллӣ хӯрокҳои миллии тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки меҳмонон бо завқ онҳоро чашиданд ва аз меҳмоннавозии тоҷикон таассуроти нек гирифтанд.
Ин чорабинӣ барои густариши робитаҳои фарҳангӣ ва илмӣ байни Тоҷикистон ва Ҷопон мусоидат намуда, саҳми донишҷӯёни тоҷикро дар муаррифии симои мусбати мамлакат дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам тақвият бахшид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид






