Дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои молияю бонк ва сармоягузорӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 21.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо раиси Раёсати Бонки давлатии фаъолияти иқтисодии хориҷии кишвари иқомат Раҳимбердӣ Ҷепбаров вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои молиявию бонкӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ шуда, оид ба роҳҳои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкории мутақобили судманд байни сохторҳои дахлдори ду давлат ибрози андеша карда шуд.
Ба роҳ мондани робитаҳои мустақими доимии корӣ байни ниҳодҳои бонкӣ ва созмонҳои молии Тоҷикистону Туркманистон барои густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷониба дар ин замина мувофиқ дониста шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон








Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид






