ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР. Куруши Кабир асоси пайдоиши конститутсияро дар ҷаҳон гузоштааст

Ноябрь 6, 2025 08:50

ДУШАНБЕ, 06.11.2025. /АМИТ «Ховар»/. Миллати тоҷик миллати қонун аст. Зеро қонун дар сиришти халқи мост, ҳузури қонун, риояи қонун бадоҳатан, табиӣ дар амалу рафтори халқи мо ҳамеша падидор аст. Ҳеҷ кас ба мо аз тифлӣ хосса дарси қонун наомӯхтааст, моро водору маҷбур накардааст, ки қонунҳоро риоя кунем, зеро ин қонунҳо дар сиришти мо тавассути хунамон  кайҳост, ки ҷорист. Чунин нигоштааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло бахшида ба 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар зер андешаҳои пурра ва чанд шеъри  шоир  манзури хонандагон гардонида мешавад.

— Мо миллати қонундорем  ва қонунгузорӣ ихтирои гузаштагони мост. Ин қонунҳо аз тифлӣ ҳамеша дар забони модарону падарон,  пирони рӯзгор пайваста дар гӯшамон  садо медоданд: рост рав, рост гӯ, дурӯғ нагӯ, фиреб надеҳ, қадами беҷо нагузор, гап нагардон, аввал андеша баъд гуфтор, пиронро ҳурмат кун, нонрезаро аз роҳ бардор, дасти афтодаро гир, бадӣ накун, меҳрубон шав, хайрхоҳ бош… Ҳар рӯз чандин маротиба  мо ин суханҳо ва аз ин бештарашро аз тифлӣ шунидаем.

Аввалин Эъломияи қонуни башар дар дунё, ки асоси қонунгузорӣ дар олам буда, асоси пайдоиши конститутсияро гузоштааст, Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир мебошад, ки соли 539-уми пеш аз мелод аз ҷониби шоҳ Куруш – асосгузори воқеии давлати Ҳахоманишиён қабул гардидааст.

Эъломияи Куруш яке аз манбаъҳои муқаддаси давлати Ҳахоманишиён мебошад, ки дар он ҳуқуқ ба озодии эътиқод, озодии ҳаракат, интихоби манзил, ҳуқуқ ба моликият ва ғайра ба таври возеҳ дарҷ карда шудаанд. Меъёрҳои Эъломияи Куруши Кабир то имрӯз моҳияти худро гум накардаву истифодашавии онҳо дар санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (10-уми декабри соли 1948 карда қабул шудааст) ба чашм мерасад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин  маврид  таъкид намудаанд: «Ҳарчанд илми ҳуқуқшиносии мамолики Ғарб қонунҳои асосӣ ва қонунҳои ин кишварро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар ҳаллу фасли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар набудааст. Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дувуним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофист».

Ҳамин тариқ, Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир нахуст санадест дар таърихи низоми муносибатҳои ҳуқуқӣ, ҳуқуқ ва озодии виҷдон, ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзил ва татбиқи он. Ин ҷо таваҷҷӯҳи Шуморо ба матни Эъломияи Куруши Кабир, ки ифодакунандаи моҳияти низоми демократии давлатдорист, ҷалб менамоем: «Ман эълон мекунам, ки ҳар кас озод аст, ҳар дину оинеро, ки майл дорад, баргузинад ва дар ҳар ҷо, ки мехоҳад, сукунат намояд. Ва ҳар касбу кореро, ки мехоҳад, интихоб намояд, танҳо ба шарте, ки ҳаққи касеро поймол нанамояд ва зараре ба ҳуқуқи дигарон нарасонад».

Дар ин эъломия се арзиши демократӣ — озодии дину мазҳаб, озодии интихоби ҷойи зист, поймол накардани ҳуқуқи каси дигар инъикос ёфтааст. Ин меъёрҳо дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки 10 декабри соли 1948 қабул шудааст, ҳамчун мундариҷа истифода шуда, барои тамоми кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид сарчашмаи арзишҳои инсонӣ ва раҳнамои ҳуқуқӣ ба ҳисоб мераванд.

Бо гузашти солҳо, ҳар давлате, ки арзи вуҷуд кард, Конститутсияи худро қабул намуд. Зеро, он асоси рушди кишварҳоро дар тамоми самтҳо таъмин менамояд. Конститутсия ҳукми шиносномаи ҳар давлату миллатро дорост. Дар он номи расмии давлат, сохти давлатдорӣ, тарзи ташкили марзиву ҳудудӣ, асоси ҳуқуқии давлат ва дигар муносибатҳои ҳуқуқӣ сабт мегарданд.

Дар кишвари мо низ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6-уми ноябри соли 1994 қабул карда шудааст) кафолати воқеии муносибатҳои ҳуқуқиро дар ҷомеа таъмин менамояд. Он бо мақсади таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат қабул гардида, амалӣ шудани меъёрҳои он, ба ғайр аз фаъолияти бонизоми мақомоти давлатӣ, бешак, ба муносибати бошууронаи аҳли ҷомеа, ба рафтору кирдори баланди инсонӣ, ба азму иродаи мустаҳкам, нияти неку хиради азалии мардуми солору сарбаланди тоҷик вобастагии қавӣ дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои ба соҳибистиқлол  расидани  худ ҳуқуқу озодиҳои инсон, арзишҳо, принсипу меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалиро пос медорад. Аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар баҳри расидан ба ин ҳадафҳо пайваста чораву тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Аз таърих мусаллам аст, ки нахустин маротиба Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсию ҳуқуқӣ соли 1787 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қабул гардида, дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши муҳим бозид. Таърихи инсоният Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабирро хуб дар ёд дошта, дар тӯли ин таърих кишварҳо ҳангоми таҳияи конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба ҳуқуқи инсонҳо онро мавриди истифода қарор додаанд. Ва мо аз ин, албатта, ифтихор мекунем.

ВАТАНИ ҚОНУН

Ба бузургдошти Конститутсияи Тоҷикистон

Миллати мост, к-аз замони қадим

Аз Ҳуқуқи Башар башорат дод.

Ибрату дарси адлуқонунро

Бар тамомиҷаҳониморатдод.

Миллати мост, к-аз замони қадим

Монд бар ёдгори худ Қонун.

То шиносадҳуқуқи худ инсон,

По намонад зи ҳадди худ берун.

Аз Ҳуқуқи Башар башорат дод

Бар замину замон Курӯши Кабир.

Миллате, ки ба ҳикмати Зардушт

Буд худ дар талеаи тақдир.

Одамизод соҳиби Қонун

Шуд ба ҷаҳди гузаштагони мо,

Парчами мост аввалин Парчам,

З-аввалинҳо бувад Нишони мо.

Миллати мо ҳамеша ойина

Дошт дар пеши рӯяш аз Қонун.

Хайру некиву родмардиҳо

Буд ӯро ҳамеша андар хун.

Пояҳои вуҷуди поки ӯ

Пояҳо гашт бар Ҳуқуқи Башар,

Пайки сулҳу башорати некӣ

Буд ӯро ҳамеша болу пар.

Зербуни ҳуқуқу қонунаш

Буда озодагиву озодӣ,

Арҷ бар ҷумла халқу миллатҳо,

Ҳамдилӣ, ҳамҷаворӣ, ободӣ.

Тоҷикистони соҳибистиқлол

Сарбаландӣ дар ин ҷаҳон дорад,

Ҳуҷҷати бахти ӯ бувад Қонун,

Обрӯву фари замон дорад.

Инак озодагӣ, ҳуқуқи шахс

Шуд муқаддас дар ин диёри куҳан,

Ҳар нафас мешавад Ватан обод,

Ҳар нафас мешукуфад ин Меҳан.

Ватани асли асли қонунҳост,

Зербуни равонаш аз адл аст.

Бо ҳама ҷабри зиндагӣ зинда

Монда, зеро, ки ҷонаш аз адл аст.

Кишвари дунявӣ, ҳуқуқ бунёд,

Дар кушода ба рӯи ёрон аст.

Дӯстро тоҷи сар кунанд ин ҷо,

Чунки ин марз Тоҷикистон аст!

 

БО ҲАЗОРОНСОЛА ҚОНУНИ БАШАР

Миллати мо миллати бекина аст,

Адли мо, қонуни мо дерина аст,

Бо ҳазоронсола Қонуни башар

Хайру некӣ дар дилу дар сина аст.

Миллати мо миллати адл асту дод,

Меҳани мо меҳани доду ситод,

Пешвомон ҳомии сулҳу салоҳ,

Халқамон дилпарвару некӯниҳод.

Родмардиву футувват дар ҷаҳон

Сар бурун оварда аз ин остон,

Рост рафтан, рост гуфтан, ростӣ,

Зистан бе макру бе фанди касон.

Зиндагонӣ бе дурӯғу макру кин

Буд сарқонуни ин халқу замин,

Зиндагонӣ бо салому эҳтиром,

Бе фиребу макр, бе ғадри ғабин.

Сарҳади одобу инсофи ҷаҳон,

Раҳму шафқат дар миёни одамон,

Эҳтироми пиру шафқат бар ятим,

Хайрхоҳӣ аз замин то осмон!

Зинда бод адлу адолат, зинда бод!

Дӯстӣ, ишқу муҳаббат зинда бод!

Ин шиори мост аз аҳди қадим,

Зинда бод, ин гуна миллат зинда бод!

Тоҷикистон, меҳани шеъру суруд,

Меҳани дарҳои боз асту дуруд.

Меҳани сулҳу салоҳу дӯстӣ,

Мебарам бар халқи хушҷонаш суҷуд.

Миллати мо миллати адл асту дод,

Меҳани мо меҳани доду ситод,

Пешвомон ҳомии сулҳу салоҳ,

Халқамон дилпарвару некӯниҳод.

АДЛ ҚОНУНИ МОСТ

Шӯҳраи олам аст аз Курӯши Кабир,

Хайру инсофи ту, миллати беназир!

Аз азал халқи мо тухми некӣ бикишт,

Адл  қонуни мост аз дами Зардуҳишт!

Адл қонуни мост!

Ишқ  ҳомуни мост!

Нури роҳи азал

Меҳри афзуни мост!

Аз «Авасто» адаб  хилқати халқи мост,

Фазлу илму ҳунар қимати халқи мост.

Миллати мо бизист худ ба қонуни адл,

Сабзу хуррам аз ӯ гашт ҳомуни адл.

Адл қонуни мост!

Ишқ  ҳомуни мост!

Нури роҳи азал

Меҳри афзуни мост!

Миллате, ки варо ишқи ӯ раҳнамост,

Пуштибонаш  шараф, ҳомии ӯ вафост!

Парчамаш парчами сулҳи дунё бувад,

Парчами дӯстӣ то Сурайё бувад!

Адл қонуни мост!

Ишқ  ҳомуни мост!

Нури роҳи азал

Меҳри афзуни мост!

Халқи мо зодаи сарнавишти накӯст!

Некном аз азал бо сиришти накӯст!

Хайру инсофу адл шеваи тоҷикист!

Фазлу илму адаб меваи тоҷикист!

Адл қонуни мост!

Меҳр ҳомуни мост!

Нури роҳи азал,

Меҳри афзуни мост!

Ноябрь 6, 2025 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Тоҷикистон дастоварди бузург ва қиёснашавандаи даврони соҳибистиқлолӣ мебошад
Конститутсия ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқ дар ташаккули парламентаризм нақши асосӣ бозидааст
Исломиддин Раҳмон: «Тоҷикистон ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва риояи меъёрҳои Конститутсия рушд меёбад»
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли дилаи каду кори узви ҳозимаро хуб намуда, хусусияти талхаронӣ дорад
Прокурори шаҳри Ҳисор Умедҷон Нуридин: «Конститутсия санади ифодакунанда ва ҷавобгӯи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст»
ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ. Дар Тоҷикистон 834 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст
Дилором Абдураҳимзода: «Суди конститутсионии Тоҷикистон ҳамчун мақоми мустақили судӣ волоияти Конститутсияро таъмин менамояд»
БОХТАР — НАМУНАИ ШАҲРСОЗИИ МУОСИР. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосиро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Хуҷанд яке аз беҳтарин шаҳрҳои бостонии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ташкилӣ ва фаъолиятии моҳиятан нави Маҷлиси Олиро муқаррар намуд
БЕМОРИИ ПӮСТ – ПСОРИАЗ. Оё он табобатшаванда аст?