«Эмомалӣ Раҳмон – кафили субот ва пойдории истиқлоли давлатӣ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид

Ноябрь 17, 2025 21:21

ДУШАНБЕ, 17.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷумҳуриявии ҳизбӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – кафили субот ва пойдории истиқлоли давлатӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода, Раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода, Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ, ходимони ҳизбию давлатӣ, аъзоёни фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва дигар фаъолони ҳизб иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон 16 ноябр ҳамчун санаи таърихӣ ва муқаддас сабт гардидааст. Ҳамасола дар саросари мамлакат ин рӯз ҳамчун Рӯзи Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ таҷлил мешавад.

Гуфта шуд, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби вилояти Суғд баргузор гардид, гардиши куллӣ дар давлатдории навин ба ҳисоб рафта, роҳи наҷоти миллат ва минбаъд рушди давлату ҷомеаи Тоҷикистонро мушаххас намуд.

Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ аз нигоҳи таърихӣ басо муҳим аст. Ӯ хотиррасон кард, ки 16 ноябри соли 1994 пас аз пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи умумихалқӣ, дар ҷаласаи 21-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум, Сарвари давлат тантанавор савганди президентӣ ёд намуда, фаъолияти худро ҳамчун Президенти мамлакат оғоз намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири 34 соли соҳибистиқлолӣ, аз сулҳу субот то ваҳдати миллӣ, самараи заҳматҳои шаборӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Маҳз роҳбарии хирадмандона ва талошҳои пайвастаи Сарвари давлат боис гардидаанд, ки дар мамлакат сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор шуда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун намунаи нодири барқарорсозии осоиш эътироф гардад.

Маърузачиён изҳор доштанд, ки Рӯзи Президент бо корнамоиҳои Пешвои миллат иртиботи мустақим дошта, нақши ниҳоят муҳим дар ташаккули низоми давлатдорӣ, бахусус ниҳоди президентӣ дорад. Таъкид шуд, ки тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, донишандӯзӣ, эҳтироми қонун ва масъулиятшиносӣ аз вазифаҳои муҳими ҷомеа аст, то ҷавонон тавонанд Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ шоистаи миллат муаррифӣ намоянд.

Дар анҷоми ҳамоиш чанде аз ходимони ҳизбию давлатӣ ва фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Медали «30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

АКС:  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Ноябрь 17, 2025 21:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар