ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-МЕЪМОРИ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи Президент

Ноябрь 15, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 15.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи ҳар миллат ва халқият шахсиятҳое арзи вуҷуд менамоянд, ки бо хирад, ҷасорат, фидокорӣ ва иродаи мустаҳками сиёсӣ сарнавишти миллат ва давлати худро дигаргун месозанд. Барои мардуми тоҷик чунин шахсият Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихӣ зимоми идораи давлатро ба даст гирифта, миллати парешонгаштаро сарҷамъ намуданд ва асосҳои давлатдории навини тоҷиконро гузоштанд.

-Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва ба истиқлолият расидани Тоҷикистон мамлакат ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ, нооромӣ ва бесарусомонӣ фурӯ рафт. Маҳз дар ҳамин шароит соли 1992 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавӣ, диди сиёсӣ ва пуштибонии мардум ба ҳайси Роҳбари давлат интихоб гардида, рисолати таърихии давлатсозиро бар дӯш гирифтанд.

Дар ин раванд яке аз муҳимтарин қадамҳо қабули Конститутсияи соли 1994 буд. Конститутсия ҳокимияти давлатӣ, сохтори сиёсӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мақоми Президенти ҷумҳуриро дақиқ муайян намуд.

Дар ин марҳила нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули ниҳодҳои давлатӣ ва таҳкими пояҳои ҳуқуқии он хеле муҳим арзёбӣ мегардад, зеро маҳз бо роҳбарии Пешвои миллат:

раванди таҳияи Конститутсия суръат гирифт ва мувофиқи талаботи давлати соҳибистиқлол шакл гирифт;

сохтори ҳокимият ба таври муосир ташкил шуд ва вазифаҳои мақомоти давлатӣ муайян гардид;

ҷараёни мутамарказсозии идоракунии давлатӣ барои барқарории субот таъмин карда шуд;

қадамҳои аввалини бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошта шуданд.

Қабули Конститутсия таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо асоси ҳуқуқии давлатро мустаҳкам кард, балки самти минбаъдаи рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварро низ муайян сохт.

Баъдан масъалаи барқарор кардани сулҳ ва муттаҳидсозии ҷомеа ба вазифаи аввалиндараҷаи роҳбарияти давлатӣ табдил ёфт. Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд сарнавиштсоз ва ҳалкунанда буд, зеро тавонистанд дар шароити бисёр душвор хавфи парокандагии давлатро рафъ намоянд ва иродаи сиёсиро барои сулҳи пойдор мутамарказ созанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи музокироти фарогир ва бетарафонаи сиёсиро интихоб карданд, ки дар он гурӯҳҳои мухолиф, неруҳои гуногуни сиёсӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд. Ин раванд барои Тоҷикистон таҷрибаи нав буд, зеро баргузории музокироти мустақим миёни тарафҳои даргир ба сатҳи баланди хирадмандӣ ва таҳаммулпазирӣ ниёз дошт. Ҷаҳду талоши пайвастаи Пешвои миллат боис гардид, ки раванди сулҳ ба барномаи умумидавлатӣ табдил ёбад, на қарори одии сиёсӣ. Нуқтаи авҷи ин ҷараён имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва гардид. Ин созишнома на танҳо ба ҷанг хотима бахшид, балки модели нави ҳамзистии сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷиконро таъсис дод. Музокирот, созишномаҳои бисёрҷониба ва баргардонидани гурезаҳо ба Ватан нишон дод, ки сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пояи устувори ваҳдати миллӣ мубаддал гардидааст.

Ҳамчунин баъди ба даст овардани сулҳи комил Пешвои миллат сиёсати барқарорсозии инфрасохтор, дастгирии гурӯҳҳои осебпазир, ташкил кардани ниҳодҳои ҳамгироии миллиро пеш гирифтанд. Ин иқдом амалӣ ва устувор будани сулҳро таъмин намуданд ва ба ҷомеа имкон доданд, ки аз ҷанг ба рушди созанда гузарад. Ҳамин тавр, нақши сарнавиштсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ на танҳо ба хотима расидани ҷанг, балки ба ташкили модели ҳамзистӣ, таҳкими давлатдорӣ ва эҳёи худшиносии умумимиллӣ мусоидат намуд.

Баъди барқарор гардидани сулҳ ва суботи сиёсии мамлакат вазифаи калидӣ барои роҳбарияти давлат гузариш аз марҳилаи бозсозии сиёсӣ ба рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ буд. Дар ин самт, нақши Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлат ҳалкунанда мебошад. Пешвои миллат тавонистанд равандҳои дохилӣ ва берунии рушди кишварро бо барномаҳои стратегӣ ва дарозмуддати давлатӣ ҳамоҳанг созанд, ки яке аз дастовардҳои муҳим дар таҳкими давлатдории муосири Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Пеш аз ҳама, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015 ва сипас Стратегияи миллии рушд то соли 2030 қабул гардиданд, ки ин ҳуҷҷатҳо самти асосии сиёсати давлатӣ ва афзалияти рушди дарозмуддатро муайян мекунанд. Дар асоси ин стратегияҳо чор ҳадафи бузург ҳамчун пояи сиёсати иқтисодии давлат муайян гашт:

Истиқлолияти энергетикӣ – бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», такмили инфрасохтори энергетикӣ, зиёд кардани истеҳсоли неруи барқ;

Коҳиши камбизоатӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ – рушди кишоварзӣ, дастгирии соҳаи истеҳсолӣ, фароҳам овардани ҷойҳои кор;

Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ – сохтмони роҳҳо, нақбҳо, пулҳо ва хатҳои иртиботӣ, ки Тоҷикистонро бо кишварҳои минтақа мепайванданд.

Саноатикунонии босуръат- соли 2018 ташаббуси «Саноатикунонии босуръати кишвар»-ро ҳамчун ҳадафи чорум ва навбатии стратегии давлат эълон намуданд. Ин иқдом ҷавоб ба талаботи замон, рушди бозори меҳнат ва таъмин намудани устувории иқтисоди миллӣ мебошад.

Илова бар ин, барномаҳои рушди иҷтимоӣ — аз ҷумла, рушди соҳаи маориф, фарҳанг, барномаҳои тандурустӣ, сиёсати дастгирии ҷавонон нишон доданд, ки стратегияи давлатсозии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо бо иқтисод маҳдуд намешавад, балки ҳами бахшҳои ҳаёти ҷомеаро фаро мегирад.

Дар маҷмуъ, сиёсати стратегии рушди давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба такмили инфрасохтор, барқарорсозии иқтидори иқтисодӣ, боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими нуфузи байналмилалии мамлакат равона гардида, асоси устувори фардои ободи Тоҷикистонро ташкил дод.

Яке аз унсурҳои муҳими давлатдории миллӣ, ки дар ташаккули он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши барҷаста доранд, ин таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи фарҳанг ва устувор намудани пояҳои маънавии ҷомеа мебошад. Бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти давлат дар даҳсолаҳои охир Тоҷикистон давраи наверо аз эҳёи арзишҳои суннатӣ, забон, таърих ва фарҳанги миллиро паси сар намуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, ба таърихи давлатдории тоҷикон таваҷҷуҳи вижа равона карда, таҳқиқ ва ҷашни санаҳои бузурги таърихӣ, аз қабили 1100-солагии давлати Сомониён, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 3000-солагии шаҳри Ҳисор, 1300-солагии Имоми Аъзам, 2500-солагии шаҳри Истаравшан ва дигар чорабиниҳоро на танҳо ба хотири эҳёи хотираи таърихӣ, балки барои таҳкими ғурури миллӣ таҷлил намуданд. Ин иқдом барои исботи давомдорӣ ва рушди давлатдории тоҷикон аҳамияти илмӣ ва сиёсӣ доранд.

Ҳамзамон забони тоҷикӣ ҳамчун пояи асосии ҳувияти миллӣ тавассути қабули Қонуни забон, дастгирии барномаҳои рушди забони тоҷикӣ ва муаррифии фарҳанг дар дохилу хориҷи мамлакат мавқеи устувортар пайдо кард. Забон ҳамчун рамзи давлатдорӣ ба унсури муттаҳидкунандаи миллат табдил ёфт.

Сиёсати фарҳангии мамлакат ба эҳёи адабиёт, санъат, меъморӣ, китобхонаҳо, муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ нигаронида шуда, навсозии театрҳо, осорхонаҳо, китобхонаҳо ва баргузории фестивалҳои фарҳангӣ ба рушди муҳити маънавӣ кумак намуд. Ин ташаббусҳо на танҳо арзишҳои миллӣ, балки муаррифии фарҳанги тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ тақвият бахшиданд.

Ҳамин тавр, сиёсати фарҳангӣ ва маънавии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона шудааст, ки ҷомеа дорои ҳувияти устувор, таърихи боэътимод ва фарҳанги пойдор бошад. Таҳкими худшиносии миллӣ ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, суботи иҷтимоӣ ва ваҳдати миллӣ мусоидат намуда, ба яке аз сутунҳои асосии рушду пешрафти Тоҷикистон мубаддал гардид.

Дар баробари ин, таваҷҷуҳ ба маорифи миллӣ ҳамчун омили муҳими худшиносӣ дар сиёсати Пешвои миллат ҷойгоҳи махсус касб кард. Бо ташаббусҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат милликунонии барномаҳои таълимӣ, таҳияи китобҳои дарсӣ оид ба таъриху фарҳанги миллӣ ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва ҷаҳонбинии ватандӯстона дар наслҳои нав ташаккул ёфт. Ин раванд на танҳо ба баланд бардоштани сатҳи маърифат ва донишҳои фундаменталӣ мусоидат намуд, балки барои шаклгирии шаҳрванди ҷавони худогоҳ, ватандӯст ва фаъол дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат эътибори забон, таърих ва арзишҳои фарҳангӣ ҳамчун унсурҳои асосии ҳувияти миллӣ тақвият ёфтанд. Ин иқдом ба насли нав имкон медиҳанд, ки таърих, анъана ва арзишҳои миллиро ҳамчун унсурҳои ҷудонашавандаи зиндагии худ қабул намуда, дар муҳити глобалӣ бо худшиносӣ ва эътимоди қавӣ зиндагӣ ва фаъолият намояд.

Ҳамзамон дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва рушди лоиҳаҳои инноватсионӣ ва илмию эҷодӣ ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар такони ҷиддӣ бахшиданд. Бо таваҷҷуҳи давлат ба ҷавонон, ташаккули муҳити мусоид барои омӯзиши технологияҳои нав ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷомеа имконпазир гардид, ки ин ба мустаҳкам кардани пояҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими давлатдорӣ мусоидат намуд.

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ба сифати яке аз самтҳои асосии давлатдорӣ ҷиҳати таъмини манфиатҳои миллӣ, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ ташаккул ёфт. Дар ин раванд нақши Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари сиёсати хориҷии мамлакат хеле калидӣ мебошад, зеро маҳз Пешвои миллат тавонистанд, ки дар шароити мураккаби геополитикӣ мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ устувор ва фаъол нигоҳ доранд.

Сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо принсипи «дарҳои кушода» муайян гардид, ки ҳадафи он ҳамкории мутавозин бо ҳама давлатҳо, аз ҷумла кишварҳои минтақа, абарқудратҳо ва созмонҳои байналмилалист. Ин равиш имконият дод, ки Тоҷикистон аз вобастагӣ ба самти сиёсӣ берун равад ва муносибатҳои гуногунҷабҳа ва манфиатоварро рушд диҳад.

Дар доираи сиёсати минтақавӣ Тоҷикистон дар масоили амният, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва таҳкими субот дар Осиёи Марказӣ нақши фаъолро ба уҳда гирифтааст. Саҳми Тоҷикистон дар ин самт, хусусан тавассути ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, чун Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мавқеи давлатро ҳамчун шарики боэътимод тақвият дод.

Равандҳои дипломатӣ бо Афғонистон аҳамияти вижа доранд, зеро амнияти минтақа то дараҷаи зиёд ба вазъи ин кишвар вобаста аст. Тоҷикистон бо пешниҳоди ташаббусҳои амниятӣ ва гуманитарӣ дар ҳалли мaсоили Афғонистон саҳми назаррас гузошта, ба оромии минтақа мусоидат менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо талошҳои дохилии сулҳ ва оромии мамлакат кӯшиш намуданд, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати мувозинатӣ ва масъулиятшинос дар муносибатҳои байналмилалӣ муаррифӣ кунанд. Бо истифода аз муносибатҳои қавӣ ва самараноки худ бо абарқудратҳои ҷаҳон, махсусан Федератсия Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ва созмонҳои байналмилалӣ на танҳо беҳбуди вазъи иқтисодӣ, балки амнияти минтақа ва ҷаҳонро низ баррасӣ намуда, пешниҳодҳои муфидро баҳри барқарорӣ ва нигаҳдории сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон пешкаш намуданд. Пешниҳоди башардӯстонаи Пешвои тоҷикони ҷаҳон дар Маҷмааи умумии СММ доир ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” далели возеҳи ин гуфтаҳост.

Тоҷикистон бо ташаббусҳои бузурги байналмилалӣ дар масъалаҳои обу иқлим ва пиряхҳо ба яке аз минбарҳои муҳими сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфт. Пешниҳодҳои Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли байналмилалии об, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва ташкилу пешбурди конфронсҳои сатҳи баланд нисбат ба масъалаҳои об ва пирях мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун пешсафи ҷаҳонӣ дар дипломатияи об ва ҳифзи табиат мустаҳкам намуданд.

Сиёсати хориҷии иқтисодӣ низ таҳким ёфт. Тавассути таҳкими ҳамкорӣ бо созмонҳои молиявии байналмилалӣ — аз қабили Бонки ҷаҳонӣ, Сандуқи Байналмилалии Асъор, Бонки Рушди Осиё — имконияти нав барои сармоягузорӣ, рушди инфрасохтор ва татбиқи лоиҳаҳои стратегии миллӣ фароҳам оварда шуданд.

Дар маҷмуъ, нақши Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хориҷӣ ба он равона шудааст, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ:

ҳамчун давлати сулҳпарвар ва боэътимод шинохта шавад,

ҳамчун иштирокчии фаъол ва масъули масъалаҳои глобалӣ баромад намояд,

ҳамчун шарики муҳим дар дипломатияи минтақавӣ мавқеи худро устувор кунад.

Ҳамин тавр, сиёсати хориҷии фаъол ва мутавозини мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани нуфузи байналмилалӣ, таҳкими амният ва кушодани имконияти нави рушди иқтисодӣ мусоидат менамояд.

Ҷавонон ҳамчун қувваи созанда ва захираи интеллектуалии ҳар давлат мебошанд. Дар Тоҷикистон низ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавонон ба яке аз самтҳои стратегии давлатдорӣ табдил ёфтааст, зеро пешрафти мамлакат аз таҳсил, сатҳи маърифат, ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти иҷтимоиву иқтисодии насли ҷавон вобаста мебошад.

Барои танзим ва рушди сиёсати ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардид, ки самтҳои асосии дастгирӣ, ҳуқуқҳо ва кафолатҳои иҷтимоии ҷавононро муайян намуд. Ин қонун ба ҷавонон имконият дод, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии мамлакат фаъолона иштирок намоянд. Сиёсати давлатии ҷавонон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон нишон дод, ки давлат таваҷҷуҳи махсус ба тақвияти иқтидори зеҳнӣ, касбӣ ва маънавии ҷавонон дорад ва онҳоро ҳамчун неруи асосии бунёдгарони фардои мамлакат мебинад.

Дар марҳилаи муҳими рушду таҳкими давлатдории Тоҷикистон шахсияти яке аз ҷавонони муваффақ ва пайрави асили Пешвои муаззами миллат — Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ арзиши хосса пайдо кардааст. Мавқеъ ва эътибори ӯ дар ҷомеа бо ташаббускорӣ, навҷӯӣ, фаъолияти созанда ва таҷрибаи роҳбарию идории босамарашон дар зинаҳои гуногуни хизмати давлатӣ вобастагӣ дорад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тамоми самтҳои идорӣ бо дидгоҳи оқилонаву одилона ва равиши амалии созанда эътимоди аҳли ҷомеаро ба даст оварда, дар қалби мардум шуҳрати вижа пайдо кардаанд. Ин нишон медиҳад, ки роҳбарият ва шахсияти ӯ ҳамчун ҷавони соҳибистеъдоди даврони истиқлолият чун намунаи хизмат ба миллат ва рушду пешрафти ҷомеа пазируфта шудааст.

Ҳамзамон таҷрибаи сиёсиву роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ бевосита аз мактаби сиёсати давлатӣ ва давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Дар ин мактаб шахсияти муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз назари маънавӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ мукаммал гардида, бо омодагӣ ва ҳадафҳои созанда вориди ҳаёти сиёсӣ шуда, дар садри ҳокимияти иҷроия ва қонунгузор қарор гирифтаанд.

Дар маҷмуъ, шахсияти муҳтарам Рустами Эмомалӣ намунаи пешрафти ҷавонон дар сиёсат, ташаббускорӣ ва фаъолияти давлатсозӣ мебошад, ки тавассути он арзишҳои инсондӯстони Пешвои миллатро идома дода, ба таҳкими давлатдории миллӣ ва ободӣ дар мамлакат саҳми назаррас гузошта истодаанд.

Дар маҷмуъ, равандҳои таҳлилшуда нишон медиҳанд, ки сулҳ, ваҳдат, худшиносии миллӣ, рушди устувори иқтисодӣ, сиёсати рӯй овардан ба ҷавонон ва сиёсати хориҷии фаъол — инҳо унсурҳои асосии модели давлатдории Тоҷикистон дар давраи нав буда, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷараёнҳо ҳалкунанда мебошад. Таҷрибаи сулҳофарӣ, барномаҳои стратегӣ ва сиёсати иҷтимоӣ ба он бахшида шудаанд, ки Тоҷикистон ба сӯи фардои обод, иқтисоди муосир ва ҷомеаи муттаҳид қадамҳои устувор гузорад.

Муродбек НЕЪМАТУЛЛОЗОДА,
директори Муассисаи давлатии таълимии
«Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе», номзади илмҳои педагогӣ

 

Ноябрь 15, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
Дилноза Аҳмадзода: «Сармоягузории давлат ба рушди зеҳнии кӯдакон ва наврасон ин сармоягузорӣ ба ояндаи миллат мебошад»
16 НОЯБР- РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Эмомалӣ Раҳмон шахсияти нодири сиёсӣ ва меъмори сулҳу субот дар давлати навини тоҷикон мебошанд
Баҳри пешгирии гепатити вируси «А» чӣ бояд кард? Пеш аз ҳама риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти шахсӣ зарур аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонӣ: «Эмомалӣ Раҳмон -абармарде, ки бо матонат, шуҷоат ва нангу номус давлату миллатро наҷот бахшиданд»
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БО ДИАБЕТИ ҚАНД. Чаро солҳои охир гирифторони ин беморӣ бештар шудаанд?
Пешвои миллат -рамзи ваҳдат, сулҳ, озодӣ ва пояи истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст
ЗИЁИЕ ОЗОДИХОҲ, САРАФРОЗ ВА ШАРАФМАНД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ СОЗАНДАИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!