ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон

Ноябрь 14, 2025 17:50

ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр мардуми Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои давлатӣ  – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун рамзи давлатдории миллӣ, ваҳдати миллӣ ва якдиливу ягонагӣ таҷлил менамоянд. Ин рӯз дар тақвими идҳои Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2016 ҳамчун Рӯзи Президент эълон гардидааст.

Дар ин матлаб доир ба идоракунии ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистони муосир, марҳилаҳои ташаккул ва таҳкими он дар низоми сиёсии ҷомеа ва хусусияти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд ва рушди нави давлатдории миллӣ андешаҳо пешниҳод карда мешаванд.

Ниҳоди идоракунии президентӣ дар таърихи сиёсӣ аз давлати ИМА сарчашма мегирад, ки дар идоракунии давлатӣ мақоми меҳварӣ дорад. Дар таҷрибаи таърихи идоракунии давлатӣ асосан ду шакли идоракунии давлатӣ маъмул мебошад – шакли  подшоҳӣ (монархистӣ) бо шохаҳои мутлақу нисбӣ ва ҷумҳуриявӣ (республикавӣ) бо шохаҳои президентӣ, парлумонӣ ва омехта.

Таърихи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин низоми идоракунӣ ҳанӯз аз даврони собиқ давлати шуравӣ, яъне соли 1990 шуруъ шуда, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи буҳрони сиёсӣ муваққатан барҳам дода шуд. Баъди қабули конститутсияи нави соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи давлатӣ – ҷумҳуриявӣ-президентӣ эълон гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи конститутсияи нав савганд ёд намуда, хизмат ба халқу Ватанро самти афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ эълон намуданд. Матни ин савганд дар ин рӯзҳои душвор тавассути тамоми воситаҳои ахбори омма пахш гардида, ҳамчун умед ба зиндагии обод ва бунёди давлати соҳибистиқлол дар дили хурду бузурги миллати тоҷик ҷой гирифт. Дар моддаи аввали ин Конститутсия омадааст, ки «шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад». Инчунин боби чоруми Конститутсия ба Президент бахшида шуда, дар моддаҳои 6-ум аз номи халқ баромад кардан, моддаи 46-ум эълон кардани вазъияти фавқулода, моддаи 49-ум таъйини аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ, моддаи 55-ум дар бораи ёд кардани Савганд ва Паёми Президент мақоми президент нишон дода шудааст. Иҷрои вазифаи Президент дар шароити он давра маҳорати баланди сиёсӣ ва идоракуниро тақозо мекард ва ин малакаро мардум дар давраи аввали роҳбарии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушоҳида намуданд.

Хислатҳои самимият ва ҳисси ватандӯстиро дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардум ҳанӯз дар давраи солҳои 1990-1991 тавассути маҷлисҳои Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳсос карда буданд. Дар ин солҳо ҳамчун вакили мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хавфи ҷанги шаҳрвандиро барои мардуми Тоҷикистон баррасӣ намуда, чунин иброз дошта буданд: «Эй бародарон, ба худ биёед, ояндаи хунрезу хатарнок ва пора-пора гаштани Тоҷикистонро пеши назар биёваред ва андеша кунед. Оё дар ҳамаи ин амал бозиҳои пасипардагӣ ва манфиатҷўии душманони миллатро намебинед? Душманоне, ки садсолаҳо ташнаи хуни мо, забти замини боқимондаи мо  ва хомхаёлона аз худ шумурдани таърихи бостонии моянд. Ин талошҳои гурӯҳпарастию минтақахоҳии мо дар назди арзишҳои муқаддаси ватанпарастию ягонагии миллат ҳеҷанд”. Дар ин суханон мардум ҳамаи нишонаҳои ҷаҳонбинии як вакили ҷавон ва донишмандро, ки дилаш барои Ватани ҷангзада месӯхт, дарк намуданд. Ҳамин буд, ки мардуми Тоҷикистон тавассути вакилони худ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 маҳз Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун “шахсияти таърихӣ” тавонистанд дар шароити кӯтоҳ ба низои дохилии мамлакат хотима бахшида, стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол бо назардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва захираҳои дохилӣ муайян намоянд.        Бояд гуфт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сифатҳои сарварӣ ва фаъолияти шабонарӯзии худ тавонистанд ба ниҳоди президентӣ дар мамлакат мақоми нав бахшанд ва нақши онро дар низоми идоракунии давлатӣ бо мазмуни том таъмин намоянд. Пешвои миллат дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ ба дастовардҳои бузург ноил гардиданд, ки сабаби таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ва якпорчагии Тоҷикистон гардиданд. Дар самти сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон музаффарият ба амал омад, ки муҳимтарини онҳо чунин мебошанд:

Президент ҳомии Конститутсия, назорати фаъолияти шохаҳои ҳокимият ва дар маҷмуъ кафили низоми идоракунии сиёсии мамлакат мебошад;

Таъмини ҳуқуқу озодии шаҳрвандон ва зиндагии шоиста барои сокинони мамлакат;

Бунёди шоҳроҳҳои нави байналмилалӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ на фақат мушкилоти дохилии мамлакатро бартараф намуд, балки Тоҷикистонро ба давлати транзитӣ табдил дод;

Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», иқтидори нави гидроэнергетикию алтернативӣ ва ба ин васила расидан ба истиқлоли энергетикӣ;

Бунёди корхонаҳои саноатӣ ва таъмини аҳолӣ бо шуғли доимӣ;

Ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ;

Ташаббусҳои байналмилалӣ дар самти обу иқлим ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ.

Таҷрибаи идоракунӣ давоми давраи сипаришуда нишон медиҳад, ки банақшагирӣ ва пешбинии сиёсати давлатии Сарвари давлат муваффақияти идоракунии пайгиронаро таъмин намуда, дуруст муайян намудани афзалият ба ҳалли мушкилиҳои ҷомеа таъсири калидӣ мерасонад. Рушди макроиқтисодии Тоҷикистон, новобаста аз равандҳои ҷаҳонӣ таъмин гардида, ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ нишондиҳандаҳои рушди иқтисоди миллиро иброз менамоянд, ки суръати афзоиши он дар панҷ соли охир ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил медиҳад.

Хулоса, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сифатҳои сарварии худ ҳамчун сиёсатмадори замон шинохта шуда, аз ҷониби як зумра роҳбарони давлат ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бо суханони воло эътироф гардид. Си Ҷинпин, Раиси  Ҷумҳурии Мардумии Чин доир ба шахсияти Президенти Тоҷикистон иброз намуд, ки «Шумо, Ҷаноби Президент дар байни мо, сарони давлатҳо аз ҳама сиёсатмадори пуртаҷриба ба шумор меравед, ки дар саргаҳи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай истода будед. Шумо хеле сиёсатмадори хирадманд, пуртаҷриба ва дурбин ҳастед ва дар рушди муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим мебозед. Пешниҳод ва андешаҳои Шумо барои мо ниҳоят муҳим мебошанд».

Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон ба сифати давлати рӯ ба инкишоф шинохта мешавад.

Амид КОМИЛБЕК,
Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ
ба номи М.Назаршоев 

Ноябрь 14, 2025 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон дар ҳифз ва рушди мероси таърихию фарҳангӣ нақши намоён дорад
ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Натиҷаҳои соли 2025 ва марҳилаи нави рушд барои соли 2026
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Бемории санги гурда дар фасли зимистон авҷ мегирад
Соли 2026 дар Тоҷикистон дар беш аз 15 ҳазор гектар пиёз кишт карда мешавад
Воқеияти Тоҷикистон: меъмории марҳилаи нав ва стратегияи рушди миллӣ
СИЁСАТИ ХОРИҶӢ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо оид ба афзалият, дастовардҳо ва дурнамои он
Соли 2025 зиёда аз 100 ҳазор сайёҳони хориҷӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо намуданд
Соли 2025 дар Тоҷикистон 236 километр роҳҳои мошингард ва иншооти роҳу нақлиёт бунёд гардид
ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Давлатбӣ Давлатова дар эҳёи порадӯзии миллӣ саҳми назаррас мегузорад
ВАЗЪИ БУҲРОНҲОИ СИЁСӢ ДАР ҶАҲОН. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир гардид
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бо маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ таҷҳизоти лабораторӣ харида шуд
Тағйирёбии ҳарорати ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо ва афзоиши басомади офатҳои табиӣ. Андешаҳои коршинос дар ин мавзуъ