Федератсияи футболи Тоҷикистон дараҷаи тиллоии Хартияи футболи оммавии Конфедератсияи футболи Осиёро ба даст овард
ДУШАНБЕ, 29.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Тоҷикистон ба дараҷаи тиллоии Хартияи футболи оммавии Конфедератсияи футболи Осиё (AFC Grassroots Charter – Gold Level Membership), ки баландтарин эътирофи дастовардҳои ассотсиатсияҳои миллӣ дар рушди футболи оммавӣ мебошад, сазовор дониста шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сертификати тиллоӣ ба федератсияҳое дода мешавад, ки талошҳои устувор, бузург ва самаранокро барои беҳтар кардани дастрасӣ ба футбол ва фароҳам овардани шароит барои иштироки доираи васеи аҳолӣ дар футболи оммавӣ нишон медиҳанд.
Давоми сафар ба Душанбе аъзои Комиссияи Конфедератсияи футболи Осиё оид ба футболи оммавӣ баҳогузории ҳамаҷонибаи фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистонро анҷом доданд. Ҳайат бо барномаҳо ва лоиҳаҳое, ки ба тарғиби футбол дар байни кӯдакон, ҷавонон ва занон нигаронида шудаанд, инчунин ташаббусҳое, ки минтақаҳои гуногуни кишварро фаро мегиранд, шинос шуданд.
Баъди шиносоӣ намояндагони Конфедератсияи футболи Осиё сатҳи баланди ташкилӣ, равиши системанокӣ ва фарогирии назарраси аҳолиро иброз карданд.
Онҳо таъкид намуданд, ки фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи кӯдакон ва наврасон дар рушди футболи оммавӣ дар сатҳи миллӣ саҳми назаррас гузошта, ба стандартҳои байналмилалии Конфедератсияи футболи Осиё ҷавобгӯ мебошад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон









Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






