ГИЁҲҲОИ ХУШККАРДАШУДА. Аз онҳо чӣ тавр истифода мебаранд ва ба организм чӣ манфиат доранд?
ДУШАНБЕ, 09.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо сард шудани ҳаво авҷгирии бемориҳои мавсимӣ бештар ба назар мерасад. Аз ин хотир, барои пешгирӣ ва беориза гузаронидани ин бемориҳо истеъмоли ғизои солим ва табиӣ зарур аст. Мардуми тоҷик барои баланд бардоштани иммунитет дар фасли сармо таомҳои гуногунеро аз гиёҳҳои хушккардашуда омода мекунанд, ки истеъмол намудани онҳо дар организм ба сифати маводи зиддисироятӣ ё антибиотик хизмат мерасонад. Гиёҳҳои шифобахш ва ғизоӣ омили муҳиму ҳаётии инсон ба шумор рафта, сарчашмаи маводи ғизоию шифоӣ мебошанд. Рустаниҳои хушбӯйкунанда ва таъмдиҳанда ба хӯрок лаззати махсус мебахшанд.
Барои дуруст истифода намудани гиёҳҳои шифобахш, пеш аз ҳама, бояд тарзи ҷамъоварӣ, хушк намудан ва нигоҳ доштани онҳоро хуб донист. Бояд донист, ки кадом ҷузъ ё қисми рустаниро кадом вақт ҷамъоварӣ ва хушк намудан зарур аст.
Тавре доктори илмҳои тиб, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҷаҳон Азонов таъкид менамояд: «набояд фаромӯш кард, рустаниҳо вобаста ба моддаҳои гуногуни кимиёияшон ба бунияи инсон таъсир мерасонанд. Ин мавод метавонанд, ки дар ҳама узвҳои рустанӣ ё дар узвҳои алоҳида — бехреша, реша, баргҳо, гул, мева, тухм ва пӯсти он ҷойгир бошанд. Инчунин баъзе гиёҳҳоро пеш аз гулкуниашон бояд ҷамъоварӣ намуд, зеро дар вақти гулкунӣ тамоми моддаҳои фоидабахши он дар гулаш ҷой мегиранд. Меваю тухми рустаниҳоро дар айёми пурра пухта расиданашон бояд ҷамъоварӣ намуд».
Ба гуфти коршинос, хушконидани гиёҳҳо кори муҳим буда, дар ҳолати беаҳамиятӣ он метавонад боиси вайроншавии хосияти шифоии онҳо гардад. Дар натиҷаи нодуруст хушконидани рустаниҳо микдори маводи фаъоли ҳаётии таркибашон метавонад кам гардад ва ё тамоман нобуд шавад. Аз ин рӯ, дар Офтоб танҳо реша, бехреша ва меваи рустаниҳоро хушконидан мумкин асту халос. Барги гиёҳҳои шифобахшро бояд дар ҳавои кушоду сояҷо ва шамолрас хушк намуд. Барои хушконидани рустаниҳо ҳарорат бояд то 40 дараҷа бошад. Муҳлати хушккунӣ вобаста ба ҳаво аз 3 то 7 рӯз давом мекунад. Ҳангоми хушккунӣ дар як рӯз то 2 бор рустаниҳоро зеру рӯ намудан зарур аст. Гиёҳҳои хушкшударо дар халтаҳои коғазӣ, матогин, қуттиҳои картонӣ ва зарфҳои шишагин бояд нигоҳ дошт. Аз гиёҳҳои шифобахш дар шароити хона обҷӯш ва дамхӯрда омода намудан мумкин аст.
«Бояд дар хотир дошт, ки рустаниҳои шифоӣ дар баробари хосияти шифоӣ доштан дорои хосиятҳои манфӣ низ мебошанд. Хусусияти манфии рустаниҳои шифоӣ дар он аст, ки вобаста ба муҳит, фасли сол ва риоя накардани қоидаҳои ҷамъоварию хушккунӣ ва нигоҳдорӣ таркиби кимиёии онҳо метавонад тағйир ёфта, дар натиҷа боиси камшавии хусусияти шифоӣ гардад. Барои истифода аз гиёҳҳои шифобахш ҳатман аз мутахассисони соҳа маслиҳат гирифтан зарур аст. Зеро ҳар гиёҳ вобаста ба хосияти шифобахшияш тарзи дурусти ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, омодакунӣ ва нӯшидан дорад»,-таъкид намуд профессор.
Тарзи омода намудани обҷӯш чунин аст: гиёҳи хушкро дар зарфи сирдор ё шишагӣ андохта, ба болояш оби хунуки ҷӯшонида рехта, 1-2 соат дам медиҳем. Пас онро ба болои оташи паст ё зарфи пуроб гузошта, 20-30 дақиқа меҷӯшонем. Пасон онро 30-40 дақиқа хунук намуда, аз дока гузаронида, менӯшанд. Бояд гуфт, ки ҷӯшобаҳо нисбат ба дамхӯрдаҳо аз ҷониби узвҳои ҳозима дер ҷаббида шаванд ҳам, таъсири шифоии бардавом доранд.
Набояд фаромӯш кард, ки на ҳама гиёҳҳо шифобахшро дар шакли обҷӯш истифода бурдан мумкин аст. Зеро аксар рустаниҳо ҳангоми ҷӯшонидан хосияти худро гум мекунанд ва ё таъсирашон дигар мешавад. Ба таври мисол, агар тахачро ҷӯшонем, хосияташ дигар мешавад.
Дамхӯрда таъсири хуби шифоӣ низ дорад. Гиёҳҳои шифобахши хушкшударо дар зарфи сирдор ё шишагӣ андохта, болои он оби ҷӯшинида ҳамроҳ намуда, як муддат нигоҳ медорем. Сипас онро гарм ё хунук карда менӯшем. Дар баъзе ҳолатҳо рустаниро дар зарфи сарпӯшдори сирдор андохта, ба болояш оби ҷӯш мерезанд. Баъдан 15-20 дақиқа дар болои оташи паст гузошта, наҷӯшонида, онро мегиранд ва аз дока мегузаронанд.
Таомҳое, ки аз гиёҳҳои хушк омода мешаванд, аз витамин бой буда, барои саломатии инсон фоидаовар аст. Аз ҷумла, умоч, сиёҳалаф, оши бурида, туппа, биринҷоба ҳангоми бемории зуком ва дигар бемориҳои мавсимӣ барои саломатӣ муфид аст.
Умоч
Умоч хӯроки қадимаи тоҷикон буда, аз сабаби он ки таоми тез ҳазмшаванда мебошад, аксари вақт онро дар вақти шомгоҳон тайёр мекунанд. Умочро аз гиёҳҳои гуногуни тар ва ё хушккардашуда омода менамоянд. Ин хӯрок хосияти тоза намудани меъдаю рӯдаҳоро дорад, дамиши шикамро паст мекунад, ҳазмкуниро осон менамояд. Истеъмоли умоч ҳангоми дарди сар, бемории зуком, набудани иштиҳо, мондашавӣ ва беҳолӣ фоидабахш аст.
Умочи бо дӯғ
Дар ин таом орд, нахӯд, об, намак, дӯғ ё чурғот, пудина, ҷамилак, шибит, садарайҳон ва гашниҷ истифода мебаранд. Барои омода намудании он каме ордро бо об омехта карда, то монанди доначаҳои биринҷ шуданаш каф мезананд. Умочи кафзадаро алоҳида монда, дар дег, об нахӯд, гиёҳи тар ё хушки шибит, пудина, райҳон, ҷамилак ва намак андохта, онро то пухтани нахӯд меҷӯшонанд. Баъд аз он умочро ҳамроҳ карда, то 5 дақиқа меҷӯшонанд.
Умоч бо сиёҳалаф
Барои тайёр намудани ин намуди умоч дар зимистон аз сиёҳалафи хушк истифода мебаранд. Онро майда реза карда, бо обу намак ва биринҷ меҷӯшонанд. Баъди пухтани биринҷ ба он умоч ҳамроҳ мекунанд ва чанд дақиқаи дигар меҷӯшонанд.
Оши туппа
Оши туппа яке аз таомҳое, мебошад, ки мардуми тоҷик хеле зиёд меписанданд.Ин хӯрок аз хамир омодашуда, зуволаҳои дар он истифодашавандаро чоркунҷа мебуранд. Дар оби он нахӯд ва лӯбиё андохта, ба муддати 15-20 дақиқа меҷӯшонанд. Пас аз он ба оби ҷӯшидаистода алафҳои хушк, аз ҷумла пудина, райҳон, кашниз ва дигар растаниҳои фоидабахш андохта мешавад. Сипас хамирҳои буридашударо ба дег мепартоянд. Оши туппа дар ҳарорати баланди ҷӯшидани об дар зарфи 5-7 дақиқа мепазад.
Биринҷоба
Бириҷоба яке аз намудҳои таоми миллии хушхӯр буда, онро бештар ҳангоми бемории зуком истеъмол мекунанд. Ин таом аз биринҷ, об, бехпиёз, помидор, кабудӣ, намак ва мурч тайёр карда мешавад.
Барои омода кардани он биринҷ, гиёҳҳои хушк, намак ва мувофиқи табъ помидор ва мурч низ ҳамроҳ карда меҷӯшонанд. Пас аз он, ки пухт, ба косаҳо кашида, онро бо чакка ва қаланфури тунд истеъмол менамоянд.
Ойлова
Ойлова яке аз ғизоҳои дӯстдоштаи сокинони минтақаҳои кӯҳӣ ба шумор меравад. Ин хӯроки сервитаминро дӯстдорони он маҳз дар фасли баҳор тайёр менамоянд. Дар фасли тирамоҳу зиммистон бошад, онро ба гиёҳҳои хушк омода месозанд. Барои пухтани ойлова растаниҳои худрӯй, аз қабили раҳдавак, гӯши бузак, пудина, сиёҳалаф, ҷоҷӣ, каравчак, шибит, ҷамилак, барги зулф, барги рошак, об ва каме орд зарур аст. Маҳсулот бояд дар оташи на он қадар баланд 30 дақиқа ҷӯшонида шавад. Сипас ба об орд андохта, то ба маҳлул табдил гардиданаш омехта карда, баъд ба дег андохтан зарур аст. Ойловаи омодашударо ба табақи чӯбин кашида, дӯғ ва гашнич ҳамроҳ менамоянд.
Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АКС: АМИТ «Ховар»








Шуруъ аз 1 июли соли 2026 дар Иттиҳоди Аврупо талаботи нав ба тахографҳо эътибор пайдо мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъемоли биҳӣ мушкилоти ҳозима, аз ҷумла қабзиятро кам мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Равғани чормағз барои мустаҳкам гардидани хотира кумак мерасонад
Чаро истеъмоли қурутро аксар одамон, бахусус кӯдакон дӯст медоранд?
Имсол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даромад аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳон 20,4 миллион сомониро ташкил дод
Саҳми Президенти Тоҷикистон дар қабули Конститутсияи кишвари соҳибистиқлол беназир аст
Конститутсияи Тоҷикистон бо арзишҳои волои худ дар радифи конститутсияҳои ҷаҳон қарор дорад
Қобилҷон Хушвахтзода: «Конститутсия баробари ҳуҷҷати таърихӣ буданаш, ҳуҷҷати сиёсӣ ба шумор меравад»
Маҳкам Маҳмудзода: «Конститутсияи Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои арзёбии ҷаҳонӣ ба сафи конститутсияҳои беҳтарин шомил карда шудааст»
ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР. Куруши Кабир асоси пайдоиши конститутсияро дар ҷаҳон гузоштааст
Конститутсияи Тоҷикистон дастоварди бузург ва қиёснашавандаи даврони соҳибистиқлолӣ мебошад
Конститутсия ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқ дар ташаккули парламентаризм нақши асосӣ бозидааст






