«КОНСТИТУТСИЯ- ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТИ ОБОДИ МО». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир гардид

Ноябрь 5, 2025 17:50

ДУШАНБЕ, 05.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 31-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти  унвони «Конститутсия- шоҳсутуни давлати ободи мо» ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи мазкур хабар доданд.

Раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Табарзода изҳор намуд, ки дар Конститутсия ҳама орзую ормонҳои миллӣ, волоияти қонун ва дигар меъёрҳои конститутсионӣ дарҷ ёфта, Тоҷикистон  ҳамчун давлати иҷтимоӣ  барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам овард.

Иброз гардид, ки таъмини волоияти қонун яке аз масъалаҳои рӯзмарра ба ҳисоб рафта, бо  назардошти таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ ислоҳоти ҳуқуқиро дар ҷомеа тақозо менамояд. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон кафили эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамаи комёбиҳо дар ҷодаи таҳкими волоияти қонун аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегиранд.

Дар ҳамоиш иштирокчиён таъкид доштанд, ки Конститутсия ҳамчунин доираи фаъолияти тамоми нерӯҳои сиёсӣ — ҳизбҳо, иттиҳодияҳо ва созмонҳои ҷамъиятиро муайян намуда, барои густариши кори онҳо заминаи қонунӣ фароҳам овард. Сиву як соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии давлати мо аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифаҳо ва арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид.

Оид ба нақши Конститутсия дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона иштирокчиёни ҳамоиш таъкид доштанд, ки маҳз бо ташаббус ва азму талошҳои беназири  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи асосӣ барои таҳия  ва қабули Коститутсия гузошта шуда,  мардум онро  бо ҳамовозию якдилии пурра  ҷонибдорӣ намуданд.

  АКС: Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

                         

 

Ноябрь 5, 2025 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид