«КОНСТИТУТСИЯ- ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТИ ОБОДИ МО». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 05.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 31-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия- шоҳсутуни давлати ободи мо» ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи мазкур хабар доданд.
Раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Табарзода изҳор намуд, ки дар Конститутсия ҳама орзую ормонҳои миллӣ, волоияти қонун ва дигар меъёрҳои конститутсионӣ дарҷ ёфта, Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам овард.
Иброз гардид, ки таъмини волоияти қонун яке аз масъалаҳои рӯзмарра ба ҳисоб рафта, бо назардошти таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ ислоҳоти ҳуқуқиро дар ҷомеа тақозо менамояд. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон кафили эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамаи комёбиҳо дар ҷодаи таҳкими волоияти қонун аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегиранд.
Дар ҳамоиш иштирокчиён таъкид доштанд, ки Конститутсия ҳамчунин доираи фаъолияти тамоми нерӯҳои сиёсӣ — ҳизбҳо, иттиҳодияҳо ва созмонҳои ҷамъиятиро муайян намуда, барои густариши кори онҳо заминаи қонунӣ фароҳам овард. Сиву як соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии давлати мо аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифаҳо ва арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид.
Оид ба нақши Конститутсия дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона иштирокчиёни ҳамоиш таъкид доштанд, ки маҳз бо ташаббус ва азму талошҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи асосӣ барои таҳия ва қабули Коститутсия гузошта шуда, мардум онро бо ҳамовозию якдилии пурра ҷонибдорӣ намуданд.
АКС: Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






