Конститутсияи Тоҷикистон бо арзишҳои волои худ дар радифи конститутсияҳои ҷаҳон қарор дорад
ДУШАНБЕ, 06.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз вазифаҳои муҳими Ҳукумати Тоҷикистон дар аввали солҳои 90-уми асри ХХ ин таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон буд, зеро маҳз ин ҳуҷҷати сиёсӣ-ҳуқуқӣ сохти идоракунӣ ва низоми сиёсии давлатро муайян менамояд. Чунин омадааст дар мақолаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Соҳибзода, ки бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст. Матни пурраи мақола пешниҳод мегардад:
– Мавқеъ ва нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди қонунгузории мамлакат ва таҳкими сиёсати ҳуқуқии мамлакат назаррас буда, бевосита дар заминаи меъёрҳои бунёдии он дурнамои инкишофи танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян ва муқаррар гардидааст. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардид, ки вобаста ба сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои конститутсионӣ дар таҳрири нав қабул гардида, мураттабсозӣ, мутобиқсозӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо таъмин карда шаванд.
Вобаста ба рушди мамлакат ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дарназардошти тағйиру иловаҳои минбаъдаи он сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон дар самти танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ марҳила ба марҳила инкишоф ёфтааст. Ташаккули минбаъдаи инкишофи қонунгузорӣ дар Тоҷикистон ба қабули Конститутсия 6 ноябри соли 1994, ки дурнамои сиёсати ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро муайян менамояд, вобаста мебошад. Дар Конститутсия меъёрҳои зиёде мавҷуд аст, ки дурнамо, равиши асосӣ ва стратегияи инкишофи қонунгузорӣ ва дар шакли умум, принсипҳои асосии сиёсати ҳуқуқии давлатро муқаррар менамоянд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии миллӣ буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатиро муайян мекунад.
Омилҳо ва бартариятҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия мебошад. Агар ба таҳлили низоми ҳуқуқи конститутсионии давлатҳои дигар назар афканем, дар аксар мамлакатҳо конститутсияҳо аз ҷониби мақоми олии қонунгузор ва ё аз ҷониби дигар ниҳодҳои махсусгардонидашуда барои таҳия ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия қабул ва такмил дода мешаванд.
Вобаста ба ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул ва тағйиру иловаҳо ба он ворид гардида, дар он ифодаи иродаи мардум муайян карда мешавад, ки ин раванд омили муҳим ва бартарияти асосии Конститутсияро яке аз конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон ифода менамояд.
Бояд гуфт, ки аз 5 феврали соли 1917 то 30 июли соли 2023 дар ҳудудҳои мустақили дунё тақрибан 179 қонунҳои асосӣ қабул шуда, аз рӯйи хронологияи қабули қонунҳои асосӣ Тоҷикистон 125-умин кишвар ба ҳисоб меравад, ки 6 ноябри соли 1994 Қонуни асосии худро қабул намудааст.
Дар байни қонунҳои асосии ин кишварҳо 64 ададаш тавассути раъйпурсӣ қабул шудааст, ки аввалини он кишвари Дания дар санаи 28 майи соли 1953 ба ҳисоб рафта, Тоҷикистон аз рӯйи ин нишондод 38-ум кишвари олам мебошад. Дар ин замина, вобаста ба зарурат ва тағйирот дар низоми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6 ноябри соли 1994 се маротиба: 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Аз ин дидгоҳ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Конститутсияи халқӣ низ маънидод мегардад. Чуноне ки Раиси Шурои Олии онвақтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд: «Лоиҳаи Конститутсия барои он халқӣ аст, ки онро кулли ҳамватанони мо дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон ва берун аз он мавриди муҳокима қарор дода, такмилу пурра карданд. Аз ин рӯ, эҷодгори он худи мардум аст. Табиати халқӣ доштани лоиҳаи Конститутсия, инчунин дар сабт намудани баробарҳуқуқии сокинони ҷумҳурӣ, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, ранги пӯст ва дигар нишонаву вазъи иҷтимоияшон ифода меёбад».
Хусусияти дигари Конститутсия дар он аст, ки ба шаҳрвандон доираи васеи ҳуқуқҳоро кафолат додааст. Яъне калонтарин боби Конститутсия — боби 2 он мебошад, ки ба ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Боби мазкур аз моддаи 14 оғоз гардида, бо моддаи 47 анҷом меёбад. Аз 34 моддаи ин боб ҳамагӣ 4 моддаи он ба вазифаҳои шаҳрвандон тааллуқ дошта, 30 моддаи дигараш ба ҳуқуқи инсон бахшида шудаанд. Инчунин, дар меҳвари дигар бобҳо ва моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд низ қарор дорад.
Агар Конститутсияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико куҳантарин Конститутсия бошад, Конститутсияи Мексика Конститутсияи абадӣ эълон шуда бошад, Конститутсияи Ҳиндустон калонтарин Конститутсия дар ҷаҳон аз рӯйи ҳаҷм бошад, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Конститутсияи кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодии инсон аст.
Устувории меъёрҳои Конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки он хусусияти дурнамосозӣ дорад ва ба он кам тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд. Дар баробари ин, омилҳо ва марҳилаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия собит менамоянд, ки он қисми ҷудонашавандаи амалия ва таҷрибаи конститутсионии ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Ин аст, ки дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон таҷрибаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ҷой дорад, аммо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар конститутсияҳои давлатҳои ҷаҳон кам тағйиру иловаҳо ворид гардидааст, ки ин ҳолат устувории меъёрҳои Конститутсияро нишон медиҳад.
Масалан ба Конститутсияи давлатҳои Бразилия – 64 маротиба, Гурҷистон – 19 маротиба, Олмон – 50 маротиба, Мексика – 600 маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардидааст. Агар ба таҷрибаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил назар афканем маълум мешавад, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ин давлатҳо кам тағйирот ворид гардидааст.
Ба Конститутсияи Федератсияи Русия – 4 маротиба, Ҷумҳурии Қазоқистон – 6 маротиба, Ҷумҳурии Туркманистон – 6 маротиба, дар Тоҷикистон бошад –3 маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардидааст, ки ин ҳолат аз устувории меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.
Дар илми ҳуқуқшиносӣ конститутсияҳо аз нуқтаи назари тағйирёбӣ ба конститутсияҳои «қатъӣ» ва конститутсияҳои «чандир» ҷудо карда мешаванд. Конститутсияи Тоҷикистон ба гурӯҳи конститутсияҳои «қатъӣ» мансуб аст. Зеро дар он арзишҳои конститутсионие пешбинӣ шудааст, ки онҳо тағйирнопазир мебошанд. Махсусан, дар моддаи 100 он 6 арзиши муҳими конститутсионӣ муқаррар гардидааст; «шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд».
Таҳлили меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистон собит менамояд, ки дар доираи 10 боб ва 100 модда тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ дар мамлакат ба таври бевосита ва бавосита дар он мустаҳкам карда шудааст. Яъне, меъёрҳои Конститутсия махсусияти меҳварӣ, бунёдӣ, ғоявӣ, заминавӣ ва мукаммалиро дорост, ки дар он тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ мавриди танзим қарор гирифтааст. Махсусияти муҳими меъёрҳои Конститутсия бо дарназардошти фарогир ба муносибатҳои ҷамъиятӣ будан ифодагари он аст, ки ҳар як меъёр, муқаррарот ва ибораву калимаҳои дар он пешбинигардида дар худ доираи васеи муносибатҳои гуногуни ҷамъиятиро муайян менамоянд.
Масъалаи дигаре, ки дар шинохти қонуни асосии кишварҳо баҳогузорӣ мешавад, фарогирии онҳо мебошад. Масалан, аз 160 Конститутсияи давлатҳои дунё дар 73 адади онҳо вазифаи шаҳрвандон оид ба пардохти андоз, дар 98 ададаш дар бораи хизмати ҳарбӣ ва уҳдадориҳои меҳнатӣ дар 41 адади онҳо муқаррар шудааст.
Дар низоми судии мамлакат Суди конститутсионӣ мақоми махсус дорад ва яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи он таъмини волоияти Конститутсия дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти мустақили ҳокимияти судӣ бо мақсади ҳифз, таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсис гардидааст. Падидаи назорати конститутсионӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 1990 бо таъсис додани Кумитаи назорати конститутсионии давлат рӯйи кор омада буд. Таъсиси он аз талаботи ҷомеа ва давлат ба мавҷудияти чунин як падида ва ниҳоди нав дар низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ шаҳодат медод.
Дар доираи салоҳияти худ Суди конститутсионии муайян намудани мувофиқати қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, шартномаҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон ба Конститутсия ва ҳалли баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияти онҳоро амалӣ менамояд. Суди конститутсионӣ дар тӯли фаъолияташ бо санадҳои қабулнамудаи худ дар таъмини волоияти Конститутсия ва қонунгузории мамлакат, таҳкими қонуният ва тартиботи конститутсионии он нақши муассир гузоштааст.
Мақсади асосии назорати конститутсионӣ ин таъмин намудани мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат мебошад. Маҳз тавассути ин назорат дар ҷумҳурӣ асосҳои сохтори конститутсионӣ устувор гаштаву қонунияти конститутсионӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрванд таъмин карда мешавад.
Дар маҷмуъ, метавон иброз намуд, ки омилҳои номбаршуда ва дигар омилу асосҳои ҳуқуқӣ ҳамчун заминаи муҳими эътирофнамоии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи конститутсияҳои демократии ҷаҳон маҳсуб гардиданд, ки муҳимтарини онҳо дар ин мақолаи мавриди таҳлил ва тавсифи ҳуқуқӣ қарор дода шудаанд. Омилҳо ва нишондодҳои мазкур арзиши баланди ҳуқуқии Конститутсияро дар радифи конститутсияҳои давлатҳои дигар ва низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон ифода менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»/ аз муаллиф








Саҳми Президенти Тоҷикистон дар қабули Конститутсияи кишвари соҳибистиқлол беназир аст
Қобилҷон Хушвахтзода: «Конститутсия баробари ҳуҷҷати таърихӣ буданаш, ҳуҷҷати сиёсӣ ба шумор меравад»
Маҳкам Маҳмудзода: «Конститутсияи Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои арзёбии ҷаҳонӣ ба сафи конститутсияҳои беҳтарин шомил карда шудааст»
ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР. Куруши Кабир асоси пайдоиши конститутсияро дар ҷаҳон гузоштааст
Конститутсияи Тоҷикистон дастоварди бузург ва қиёснашавандаи даврони соҳибистиқлолӣ мебошад
Конститутсия ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқ дар ташаккули парламентаризм нақши асосӣ бозидааст
Исломиддин Раҳмон: «Тоҷикистон ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва риояи меъёрҳои Конститутсия рушд меёбад»
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли дилаи каду кори узви ҳозимаро хуб намуда, хусусияти талхаронӣ дорад
Прокурори шаҳри Ҳисор Умедҷон Нуридин: «Конститутсия санади ифодакунанда ва ҷавобгӯи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст»
ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ. Дар Тоҷикистон 834 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст
Дилором Абдураҳимзода: «Суди конститутсионии Тоҷикистон ҳамчун мақоми мустақили судӣ волоияти Конститутсияро таъмин менамояд»
БОХТАР — НАМУНАИ ШАҲРСОЗИИ МУОСИР. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо






