Конститутсияи Тоҷикистон дастоварди бузург ва қиёснашавандаи даврони соҳибистиқлолӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 05.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар раванди давлатдории миллӣ ҳастанд арзишҳое, ки барои таҳкими давлат ва устувории соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ нақши калидӣ мебозанд. Яке аз чунин арзишҳои умумибашарӣ, рамзи соҳибихтиёрӣ ва ифодагари истиқлолу озодии халқи соҳибтамаддуни тоҷик — Конститутсия мебошад. Бо чунин матлаб оғоз гардидааст мақолаи Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст. Дар зер матни пурраи мақола манзур мегардад:
-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таъсиси давлатдории навини тоҷикон заминаи мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овард, хусусияти пойдории давлатро дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ифода менамояд. Ин санади ҳуқуқӣ, дастоварди бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мардуми хушиқболи Тоҷикистон мебошад.
Гузашта аз ин, Конститутсия ба сифати ҳуҷҷати тақдирсози миллат барои ноил гардидан ба сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ заминаи воқеӣ гузошт. Воқеияти арзиши умумибашарӣ доштани Конститутсия собит намуд, ки он бевосита заминаи инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули озодии шахс гардид. Аз ҳамин нуқтаи назар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба аҳамияти Конститутсия чунин ибрози андеша намудаанд: «Конститутсия сарчашмаи ташаккули низоми қонунгузории давлати муосири мо гардид ва иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ва идораи давлат таъмин намуд».
Сарчашмаҳои таърихӣ собит менамоянд, ки Конститутсияи соли 90-уми асри гузашта дар ибтидо бо моҷароҳое рӯ ба рӯ гардида буд, ки дар он замон қонунҳо поймол ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардида буданд.
Хушбахтона, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муайян намудани сохти давлатдории Тоҷикистон ва дар ин замина барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба таҳия ва такмили Конститутсия асоси воқеӣ гузошта, дар Иҷлосияи XVII-уми Шурои Олӣ масъалаи таҳияи Конститутсия мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода шуд.
Таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи махсуси конститутсионӣ таъсис дода шуд. Ҳарчанд ки вазъи сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта мураккабу ноором буд, вале аъзои комиссияи конститутсионӣ ба чандин мамлакатҳои пешрафтаи дунё сафар карда, таҷрибаи конститутсионии онҳоро мавриди омӯзиш қарор доданд. Бинобар ин, аъзои комиссияи конститутсионӣ ба хулоса омаданд, ки барои шароити Тоҷикистон ҷумҳурии президентӣ шакли мувофиқ ва боэътимод мебошад ва аксари кулли шахсоне, ки дар муҳокимаи лоиҳа иштирок доштанд, ҷумҳурии президентиро ҳамчун шакли идоракунии давлати Тоҷикистон тарафдорӣ намуданд.
Сарчашмаҳои муътамади таърихӣ собит менамоянд, ки 6 ноябри соли 1994 дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ барои қабули Конститутсия 94,4 фоизи шаҳрвандон иштирок намуда, 87,6 фоизи онҳо ба тарафдории Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданд. Чунин механизми кор, нишонаи ошкоро сурат гирифтани раъйпурсии умумихалқӣ мутобиқ ба меъёрҳои демократӣ ба ҳисоб мерафт ва тақдирсоз будани ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҳамин рӯз, яъне 6 ноябри соли 1994 оғоз гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки дар давоми амали Конститутсияи замони Истиқлоли давлатӣ вазъияти сангину душвор пешорӯйи халқи тоҷик буд, вале барои расидан ба рӯзҳои нек ва муваффақ шудан ба дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ ин санади сарнавиштсози миллат аз имтиҳонҳои бениҳояти сангин гузашт.
Дар замони ҳассосу мураккаби ҷанги таҳмилӣ бо азму иродаи қавии Пешвои миллат Конститутсия тавонист ба нигоҳдошти арзишҳои ҳаётан муҳими давлатдориву давлатсозӣ, аз қабили истиқлолият, ваҳдат ва суботи ҷомеа асоси ҳуқуқӣ гузорад. Масалан, Истиқлоли давлатӣ, ки яке аз арзишҳои муқаддас ва неъмати бебаҳои зиндагии халқи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ба он қабул гардидани Конститутсияи соли 1994 имкониятҳои фарохро кушод. Албатта, ин беҳтарин дастовард ба ҳисоб меравад, ки натиҷаашро имрӯзҳо хурду бузурги мамлакат бо чашми сар мебинанд ва дар фазои истиқлолу озодӣ ба зиндагии пурсаодат ноил гардидаанд.
Конститутсия дар назди ҷомеа вазифаҳои зеринро гузошт, ки ба ташкили ҳокимияти давлатӣ ва рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ мусоидат намуд.
Якум, Конститутсия дар пояи арзишҳои миллӣ ва низоми ҳуқуқии ҷомеа ба таҳкими давлатдории муосир, ташкили ҳокимияти давлатӣ, низоми мукаммали ҳуқуқӣ, идоракунии давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мусоидат намуд.
Дуюм, анъанаҳои неки давлатдории миллӣ, шинохти фарҳанг, арзишҳои умумибашарӣ аз қабили забон, пойтахт, давлат, сарватҳои миллӣ ва сохтори идоракунии давлатӣ дар низоми ҳуқуқии ҷомеа муайян гардида, ҳамчун принсипҳои конститутсионӣ эътироф гардиданд.
Сеюм, муаррифӣ намудани давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, тибқи он зиндагии озоди шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои конститутсионии онҳо аз тарафи давлат, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ба монанди Парчам, Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ муайян гардид.
Чорум, таъмини рушди устувори ҷомеа ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, таҳкими ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсати сулҳҷӯёна, шаклҳои гуногуни моликият ва шарҳи сарватҳои зеризаминӣ тавассути меъёрҳои конститутсионӣ муқаррар гардиданд.
Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди бузург ва қиёснашаванда на танҳо дар даврони солҳои соҳибистиқлолӣ, балки дар тӯли таърих мебошад. Он раванди рушди ҷумҳурӣ ва ҷараёни ташаккули афкори сиёсии ҷомеаро муайян намуда, имрӯз гуногунандешӣ, фаъолияти ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ дар ҷомеа самараи он мебошад.
Ба таври рамзӣ, Конститутсия «шаҳодатномаи миллат», кафили зиндагии осоишта, озодӣ ва орзуҳои нек маҳсуб меёбад. Он ҳар шаҳрванди ҷумҳуриро водор месозад, ки арзишҳои сулҳ, ваҳдат ва қонуниятро ҳифз намуда, ба рушди давлату ҷомеа саҳм гузорад.
Имрӯз, пас аз сиву як сол, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз панҷ Конститутсияи беҳтарини ҷаҳон дохил гардидааст. Ин дастовард шаҳодати он аст, ки ин санади миллӣ бо дарки амиқи сиёсию ҳуқуқӣ ва руҳияи ватандӯстона таҳия шудааст.
Бешак, Конститутсия рамзи пояндаи давлат, кафили ваҳдати миллӣ ва равшанибахши роҳи халқ дар бунёди ояндаи пурсаодати миллати сарбаланди тоҷик аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Соли 2025 дар Тоҷикистон 236 километр роҳҳои мошингард ва иншооти роҳу нақлиёт бунёд гардид
ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Давлатбӣ Давлатова дар эҳёи порадӯзии миллӣ саҳми назаррас мегузорад
ВАЗЪИ БУҲРОНҲОИ СИЁСӢ ДАР ҶАҲОН. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир гардид
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бо маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ таҷҳизоти лабораторӣ харида шуд
Тағйирёбии ҳарорати ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо ва афзоиши басомади офатҳои табиӣ. Андешаҳои коршинос дар ин мавзуъ
Дар 7 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намудааст
ПАЁМИ ЭҲЁИ МАЪНАВӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
СОЛИ 2026 МОРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? Гузориши хабарнигорони АМИТ «Ховар» дар бораи навгониҳо дар ҳаёти сокинони Тоҷикистон
Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз сармоягузорӣ ба ояндаи маънавии миллат мебошанд
Сарфаи неруи барқ на танҳо ба коҳиши хароҷоти оилавӣ, балки ба самаранокии неруи барқ низ мусоидат менамояд
СОЛИ 2026 – СОЛИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Сарзамини куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо 35-сола мешавад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи майи соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мегардад






