Кордсоз Бахтиёр Мирзоев: «Кордҳои Истаравшан шакл, таносуб, нақш ва усули коркарди ба худ хос доранд»

Ноябрь 30, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 30.11.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳунари кордсозӣ дар тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик ҷойгоҳи хос дошта, аз давраҳои қадим то имрӯз ҳамчун касби зарурӣ барои мардум хизмат мекунад. Дар байни минтақаҳои гуногуни мамлакат шаҳри Истаравшан, ки таърихи ҳазорсолаи ҳунарҳои мардумиро доро аст, то имрӯз ҳамчун маркази маҳорати нодири кордсозӣ шинохта мешавад.

– Яке аз чунин ҳунармандон кордсоз Бахтиёр Мирзоев мебошад, ки бо идомаи касби аҷдодии худ кордсозиро ба шакли баландтари ҳунар, арзиш ва фарҳанги миллӣ табдил додааст.

Бахтиёр Мирзоев ҳунари кордсозиро аз падару бобояш омӯхтааст. Ӯ таъкид мекунад, ки ҳар нозукии ин касб- аз интихоби металл то нақшофарӣ ба ӯ аз кӯдакӣ дар муҳити хонавода омӯзонида шудааст. Барои оилаи он­ҳо кордсозӣ танҳо манбаи даромад набуда, балки мероси муқаддаси гузаштагон, рамзи ҳунар, меҳнат ва ифтихори миллӣ аст.

Зимни суҳбат ҳунарманд доир ба тарзи омода намудани корд ба мо чунин иттилоъ дод: «Кордҳое, ки мо месозем, бештар аз маводи табиӣ ва устувор омода карда мешаванд. Масалан, дастаи корд одатан аз шохи буз, гов, оҳу, инчунин шохи ҳайвони нодири маркополо, устухон ё чӯби дарахтони мевадиҳандаи арзишманд — чормағз, тут, биҳӣ  тайёр карда мешавад. Инчунин барои теғи корд навъҳои беҳтарини пӯлод, аз ҷумла металли махсуси клапан, ки дар мошину техникаҳои саноатӣ мавҷуд аст, истифода мегардад».

Бино ба иттилои ин ҳунарманд, раванди сохтани корд кори осон нест ва он аз усто меҳнати зиёд, дақиқкорӣ, сабр ва малакаи калон талаб мекунад. Усто сараввал беҳтарин пӯлодро интихоб мекунад, онро дар оташ гарм карда, бо зарби болға ба шакли теғ медарорад, сипас теғ дар чанд марҳила ба обутобдиҳӣ мегузарад: металли сурх дар об гузошта мешавад, то ки сахт ва тобовар гардад. Пас аз ин усто аввал аз санги дағал истифода мебарад, баъдан аз санги маҳин, сипас аз санги резинӣ ва ниҳоят аз санги намадӣ, ки ба теғ ҳамвории баланд мебахшанд. Дар ин марҳила ҳар хат, ҳар кунҷ ва ҳар миллиметри теғ бо диққати махсус коркард мешавад.

«Дастаи корд низ ба ҳамин тартиб ва ба тарзи дақиқ омода карда мешавад. Агар даста яклухт бошад, онро аз миён сӯрох мекунанд ва теғ аз он гузаронида шуда, маҳкам карда мешавад. Агар даста дукафон бошад, ду порчаи устухон ё шох аз ду тараф бо мехҳои мисин ба теғ пайванд карда мешаванд. Гулӯбанд ва сарбанд дар қолабҳои махсус тайёр карда мешаванд, ки он­ҳоро бо нуқра, сурб, биринҷӣ ё қалъагӣ рехта, баъдан бо сӯҳон ҳамвор мекунанд ва шакли дилхоҳ медиҳанд. Аз ҳама намуди гаронбаҳо дастаҳое ба ҳисоб мераванд, ки аз шохи каркадан ё оҷи фил сохта мешаванд, ки онҳо имрӯзҳо хеле камёб мебошанд»,-мегӯяд Бахтиёр Мирзоев.

Кордсоз мегӯяд, ки нақшофарӣ дар корд марҳилаи ниҳоӣ ва дар айни ҳол аз ҷолибтарин қисмҳои кор ба шумор меравад. Дар кордҳо нақшҳои миллӣ, гулҳои ҳандасӣ, занҷира, офтобу моҳу ситора бо усулҳои гуногун анҷом дода мешаванд.

Бино ба иттилои ҳунарманд, муҳлати сохтани корд вобаста ба навъ ва дараҷаи ороиши он аз як рӯз то шаш моҳ тӯл мекашад. Кордҳои одӣ метавонанд дар як ё ду рӯз омода шаванд ва ҳатто мумкин аст усто дар як рӯз ду корд созад, вале кордҳои мураккабу нодир, махсусан онҳое, ки аз шохи ҳайвонҳои нодир, нуқра ва кандакорӣ сохта мешаванд, аз як моҳ то шаш моҳ вақт талаб мекунанд. Мисоли равшан корде мебошад, ки усто Бахтиёр онро аз шохи гӯсфанди Марко Поло ва нуқра сохта, бо нақшу кандакории дақиқ зиннат додааст. Сохтани ин корди нодир беш аз панҷ моҳ идома ёфтааст.

Нархи кордҳои ҳунарманд вобаста ба сифат, мавод ва меҳнати сарфшуда гуногун аст. Он аз 100 сомонӣ оғоз шуда, то ба 60 ҳазор сомонӣ мерасад. Кордҳои гаронарзиш бештар ҳамчун армуғон, туҳфаи миллӣ ё маҳсули коллексионӣ истифода карда мешаванд ва харидорони махсус доранд.

Ӯ мегӯяд, ки ғилофи корд низ ҷузъи муҳими корд аст, зеро ҳам ҳимоя мекунад ва ҳам зебоӣ мебахшад. Ғилофҳо аз чарм, чарми сунъӣ, чӯб, шохи оҳу ва буз омода карда мешаванд. Дар дохили ғилоф барои муҳофизати теғ чарми сахт ё картон коркард мегардад. Ғилофҳои армуғонӣ бо нақшҳои миллӣ, нуқра, қалъагӣ ва рангҳои гуногун оро дода шуда, ба ҳусни ниҳоии корд зебоӣ мебахшанд.

Ба андешаи Бахтиёр Мирзоев, ҳунари кордсозӣ дар бисёр шаҳрҳо аз ҷониби ҳунармандон омӯхта мешавад, вале маҳз кордҳои сохтаи ҳунармандони шаҳри Истаравшан бо риояи анъанаҳои қадимӣ ва усулҳои мушаххаси маҳаллӣ фарқкунанда мебошанд.

«Хусусияти асосии кордҳои Истаравшан дар он аст, ки онҳо аз рӯи шакл, таносуб, нақш ва усули коркард аз дигар минтақаҳо фарқ мекунанд. Ин нозукиҳо дар оилаи мо ба таври қатъӣ риоя мешаванд. Масалан, теғҳо борик, дароз, тез ва ҳамвор сохта мешаванд; гулӯбанд, ки қисми миёни теғу даста мебошад, аз биринҷ, мис, нуқра ва қалъагӣ сохта мешавад; даста на танҳо зебо, балки муносиб ва мувофиқ барои истифода омода мегардад; сарбанд дастаи кордро маҳкам нигаҳ медорад ва дар айни ҳол ҷузъи ороишӣ ба ҳисоб меравад»,-мегӯяд ҳунарманди кордсоз.

Бояд гуфт, ки кордҳои сохтаи ин оилаи ҳунарманд диққати садҳо сайёҳони хориҷиро ҷалб намудаанд. Бахтиёр Мирзоев мегӯяд, ки  сайёҳон пайваста оид ба раванди сохт, усули кор, маводи истифодашуда ва таърихи ин ҳунари қадим аз онҳо пурсон мешаванд. Ин таваҷҷуҳ нишон медиҳад, ки кордсозӣ метавонад ба яке аз самтҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон табдил ёбад.

Кордҳои сохтаи оилаи Мирзоевҳо дар чандин намоишгоҳҳои дохилию байнамлилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷоиза ва ҷойҳои намоён гардидаанд. Аз ҷумла, соли 2022 маҳсули омоданамудаи дастии оилаи онҳо дар озмуни «Ҳунарманди сол-20200» сазовори ҷойи якум ва ҷоиза гардид.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 30, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 дар Тоҷикистон 236 километр роҳҳои мошингард ва иншооти роҳу нақлиёт бунёд гардид
ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Давлатбӣ Давлатова дар эҳёи порадӯзии миллӣ саҳми назаррас мегузорад
ВАЗЪИ БУҲРОНҲОИ СИЁСӢ ДАР ҶАҲОН. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир гардид
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бо маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ таҷҳизоти лабораторӣ харида шуд
Тағйирёбии ҳарорати ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо ва афзоиши басомади офатҳои табиӣ. Андешаҳои коршинос дар ин мавзуъ
Дар 7 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намудааст
ПАЁМИ ЭҲЁИ МАЪНАВӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
СОЛИ 2026 МОРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? Гузориши хабарнигорони АМИТ «Ховар» дар бораи навгониҳо дар ҳаёти сокинони Тоҷикистон
Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз сармоягузорӣ ба ояндаи маънавии миллат мебошанд
Сарфаи неруи барқ на танҳо ба коҳиши хароҷоти оилавӣ, балки ба самаранокии неруи барқ низ мусоидат менамояд
СОЛИ 2026 – СОЛИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Сарзамини куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо 35-сола мешавад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи майи соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мегардад